Ширкати чиноии «OPPLE» дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли лампаҳои каммасраф бунёд карданист

            Душанбе. 28-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид ва намояндаи ширкати « OPPLE »-и Чин Ян Чен масъалаи аз ҷониби ин ширкат дар Тоҷикистон бунёд кардани корхонаи истеҳсоли лампаҳои каммасраф мавриди баррасӣ қарор гирифт.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ПСС ҶТ […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 28-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид ва намояндаи ширкати «


OPPLE


»-и Чин Ян Чен масъалаи аз ҷониби ин ширкат дар Тоҷикистон бунёд кардани корхонаи истеҳсоли лампаҳои каммасраф мавриди баррасӣ қарор гирифт.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ПСС ҶТ иттилоъ доданд, ширкати Чин бо чунин дархост ба палата муроҷиат кардааст. «Дархости онҳо ҷиҳати баррасӣ ба ҳукумати кишвар ирсол гардида, он мавриди ҳаллу фасли мақомоти дахлдор қарор дорад», – гуфт Шариф Саид.




           

Дар навбати худ Ян Чен изҳор дошт, ки лампаҳои каммасрафи аз ҷониби ширкат истеҳсолгардида хушсифат буда, дар муддати 8 ҳазор соат муттасил кор карда метавонанд. «Мо ба бунёди чунин корхона дар Тоҷикистон манфиатдорем ва зимни дидору гуфтушунид бо мақомоти раҳбарии Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ҷузъиёти ин масъаларо матраҳ хоҳем кард», – гуфт ӯ.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.