Дар нақби Шаҳристон 55 дарсади корҳои сохтмонӣ ба итмом расид


Хуҷанд. 22-юми май. ОИ «Азия-Плюс» –

 

Дар нақби Шаҳристон, ки дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ воқеъ аст, 55 дарсади корҳои сохтмонӣ ба итмом расид.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» менеҷери қитъаи саввуми сохтмони роҳ Шамсулло Алиматов иттилоъ дод, дар қисмати ҷанубӣ дар


2351 метр

нақби роҳи мошингард ва дар

2148 метр

нақби ҳавогузар ва дар қисмати шимолӣ мутаносибан дар

780 метр

ва дар

830 метр

корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд. Роҷеъ ба тафовути назаррас нисбати масофаи нақб дар қисматҳои ҷанубиву шимолӣ номбурда гуфт, «дар қисмати шимолии нақб нақбканон ба таркиби ҷинсҳои кӯҳии тектоний дучор шуда, маҷбур шуданд, ки боз ба қафо баргардануду сипас корро сар кунанд».



Ба гуфтаи Ш.Алиматов, феълан дар сохтмони нақб 366 нафар машғули коранд, ки 55 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. «Дарозии нақб 5253 метрро ташкил дода, мавриди истифода қарор гирифтани иншоот моҳи августи соли 2010 ба нақша гирифта шудааст», – афзуд менеҷер.




 

spot_imgspot_img

Популярное