Дар нақби Шаҳристон 55 дарсади корҳои сохтмонӣ ба итмом расид

Хуҷанд. 22-юми май. ОИ «Азия-Плюс» –   Дар нақби Шаҳристон, ки дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ воқеъ аст, 55 дарсади корҳои сохтмонӣ ба итмом расид. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» менеҷери қитъаи саввуми сохтмони роҳ Шамсулло Алиматов иттилоъ дод, дар қисмати ҷанубӣ дар 2351 метр нақби роҳи мошингард ва дар 2148 метр нақби ҳавогузар ва […]

Бахтиёр Валиев


Хуҷанд. 22-юми май. ОИ «Азия-Плюс» –

 

Дар нақби Шаҳристон, ки дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ воқеъ аст, 55 дарсади корҳои сохтмонӣ ба итмом расид.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» менеҷери қитъаи саввуми сохтмони роҳ Шамсулло Алиматов иттилоъ дод, дар қисмати ҷанубӣ дар


2351 метр

нақби роҳи мошингард ва дар

2148 метр

нақби ҳавогузар ва дар қисмати шимолӣ мутаносибан дар

780 метр

ва дар

830 метр

корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд. Роҷеъ ба тафовути назаррас нисбати масофаи нақб дар қисматҳои ҷанубиву шимолӣ номбурда гуфт, «дар қисмати шимолии нақб нақбканон ба таркиби ҷинсҳои кӯҳии тектоний дучор шуда, маҷбур шуданд, ки боз ба қафо баргардануду сипас корро сар кунанд».



Ба гуфтаи Ш.Алиматов, феълан дар сохтмони нақб 366 нафар машғули коранд, ки 55 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. «Дарозии нақб 5253 метрро ташкил дода, мавриди истифода қарор гирифтани иншоот моҳи августи соли 2010 ба нақша гирифта шудааст», – афзуд менеҷер.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.