Миёни Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкорӣ дар бахши сиёсати ҷавонон Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид

Date:


Душанбе. 20-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 18-уми май дар шаҳри Душанбе аз ҷониби раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳкумати ҶТ Маликшо Неъматов ва раиси Шӯрои миллии ҷавонони Эрон ва дар як вақт ноиби президенти ин кишвар Ҳоҷӣ Алии Акбарӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Эрон оид ба ҳамкорӣ дар бахши сиёсати ҷавонон Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, дар чаҳорчӯбаи асноди баимзорасида густариши ҳамкорӣ дар бахши сиёсати ҷавонон пешбинӣ гардида, барои таҳияи нақшаи корӣ аз рӯи чорабиниҳои Ёддошт гурӯҳи кории дуҷониба таъсис дода шудааст. «Дар вохӯрии ҷонибҳо инчунин муовини аввали раиси кумита Кабирҷон Ҷӯраев ва муовини раиси Иттифоқи ҷавонони ҶТ Рустами Эмомалӣ низ ширкат варзиданд», – гуфт манбаъ.



Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 18-уми май ҳайати Эрон бо олимони ҷавони Тоҷикистон мулоқот барпо кард, ки дар он сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст ва зиёда аз 100 олими ҷавон ширкат варзиданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...