Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон ҳудуди 17 кило маводи мухаддир мусодира карда шуд

            Душанбе. 20-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Шабонарӯзи гузашта кормандони милисаи ҷумҳурӣ аз панҷ ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуда, дар натиҷа ҳудуди 17 кило маводи мухаддирро мусодира карданд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, чанде пештар дар ноҳияи Панҷ шаҳрванди Афғонистон Муҳаммадориф валади Ҳасанбой бо […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 20-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Шабонарӯзи гузашта кормандони милисаи ҷумҳурӣ аз панҷ ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуда, дар натиҷа ҳудуди 17 кило маводи мухаддирро мусодира карданд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, чанде пештар дар ноҳияи Панҷ шаҳрванди Афғонистон Муҳаммадориф валади Ҳасанбой бо ҳудуди 11 кило афюн ва дар ноҳияи Ҳамадонӣ сокини маҳаллӣ Сироҷиддин Назаров бо 4 кило бангдона боздошт шуданд. «Ҳамчунин дар ноҳияҳои Данғараву Ишкошим ва шаҳри Душанбе боз се нафари дигар боздошт шуданд, ки аз онҳо ба миқдори умумии 2 кило маводи мухаддири бангдона дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфт манбаъ.




           

Ёдрас мекунем, ки дар зарфи чаҳор моҳи соли ҷорӣ мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ беш аз 1,5 тонна маводи мухаддирро мусодира карданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Табдили рақамии Тоҷикистон: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.