Дар дараи Ромит ду зан қурбони мавҷи селоб гардида, то ҳанӯз ҷасадашон пайдо нашудааст

            Душанбе. 20-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Офатҳои табиӣ то ҳанӯз Тоҷикистонро ором намегузоранд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҶТ иттилоъ доданд, чанде қабл, тахминан соатҳои 23 бар асари боришоти шадид ба хонаи истироҳати корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон дар дараи Ромит сел омад. «Ду нафар зан, […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 20-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Офатҳои табиӣ то ҳанӯз Тоҷикистонро ором намегузоранд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҶТ иттилоъ доданд, чанде қабл, тахминан соатҳои 23 бар асари боришоти шадид ба хонаи истироҳати корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон дар дараи Ромит сел омад. «Ду нафар зан, ки дар ошхонаи хонаи истироҳат машғули кор буданд, қурбони сел гардиданд ва то ҳанӯз ҷасадҳои онҳо пайдо нашудааст», – гуфт манбаъ.




           

Ба иттилои манбаъ, худи ҳамон рӯз, 19-уми май боронҳои шадид боиси қисман хароб гардидани беш аз даҳҳо манзили истиқоматӣ дар ноҳияи Нуробод гардиданд. «Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд», – афзуданд дар КҲФ ва МГ ҶТ.




           


 



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.