Хадамоти матбуоти сарвари давлат: Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон нияти сафар надорад

            Душанбе. 20-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Сафари президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон, ки имрӯз пешбинӣ шуда буд, баргузор намегардад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар дода, вале сабабҳои доир нагардидани сафарро шарҳ надоданд.             Дар ҳамин ҳол, аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, ки «имрӯз […]

Сайраҳмон Назриев/Виктория Наумова



           

Душанбе. 20-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Сафари президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон, ки имрӯз пешбинӣ шуда буд, баргузор намегардад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар дода, вале сабабҳои доир нагардидани сафарро шарҳ надоданд.





           

Дар ҳамин ҳол, аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, ки «имрӯз Эмомалӣ Раҳмон нияти сафар надорад». «Боздиди сарвари давлат аз вилояти Хатлон рӯзи 20-уми май ба нақша гирифта нашуда буд», – гуфтанд аз хадамоти матбуот.



Ёдовар мешавем, чанде пештар сарчашма аз дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ дода буд, ки имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ба Хатлон меравад ва д


ар ҷараёни сафар бо вазъи зиндагии сокинони аз селоб осебдидаи ҷамоати Айнии ноҳияи Хуросон аз наздик ошно гардида, инчунин дар маросими ифтитоҳи як қатор корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Кӯрғонтеппа ва ноҳияи Румӣ иштирок мекунад. Ҳамчунин хабар дода шуда буд, ки Президенти Тоҷикистон бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Бохтар низ шинос гардида, оид ба натиҷаҳои рушди вилоят дар зарфи чор моҳи соли ҷорӣ ҷаласаи ҷамъбастӣ доир месозад.




 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.