Миёни Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкорӣ дар бахши сиёсати ҷавонон Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид

Душанбе. 20-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 18-уми май дар шаҳри Душанбе аз ҷониби раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳкумати ҶТ Маликшо Неъматов ва раиси Шӯрои миллии ҷавонони Эрон ва дар як вақт ноиби президенти ин кишвар Ҳоҷӣ Алии Акбарӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Эрон оид ба ҳамкорӣ дар бахши сиёсати […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 20-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 18-уми май дар шаҳри Душанбе аз ҷониби раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳкумати ҶТ Маликшо Неъматов ва раиси Шӯрои миллии ҷавонони Эрон ва дар як вақт ноиби президенти ин кишвар Ҳоҷӣ Алии Акбарӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Эрон оид ба ҳамкорӣ дар бахши сиёсати ҷавонон Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, дар чаҳорчӯбаи асноди баимзорасида густариши ҳамкорӣ дар бахши сиёсати ҷавонон пешбинӣ гардида, барои таҳияи нақшаи корӣ аз рӯи чорабиниҳои Ёддошт гурӯҳи кории дуҷониба таъсис дода шудааст. «Дар вохӯрии ҷонибҳо инчунин муовини аввали раиси кумита Кабирҷон Ҷӯраев ва муовини раиси Иттифоқи ҷавонони ҶТ Рустами Эмомалӣ низ ширкат варзиданд», – гуфт манбаъ.



Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 18-уми май ҳайати Эрон бо олимони ҷавони Тоҷикистон мулоқот барпо кард, ки дар он сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст ва зиёда аз 100 олими ҷавон ширкат варзиданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.