Ба деҳқонон тавсия дода шуд, ки дар заминҳои кишти чигиташон пӯсида навъҳои пешпазаки пунбадонаро кишт кунанд

Душанбе. 13-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Мутахассисони бахши кишоварзии ҷумҳурӣ ба деҳқонон тавсия доданд, ки дар заминҳои кишти чигиташон пӯсида навъҳои пешпазаки пунбадонаи «Ирам-1 МН», «Сорбон», «Меҳргон», «Зарнигор» ва «Зироаткор-64»-ро кишт кунанд. Чӣ тавре ки сардори шӯъбаи рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Саидмурод Баҳриддинов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ин навъи тухми чигит дар сурати риояи […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 13-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Мутахассисони бахши кишоварзии ҷумҳурӣ ба деҳқонон тавсия доданд, ки дар заминҳои кишти чигиташон пӯсида навъҳои пешпазаки пунбадонаи «Ирам-1 МН», «Сорбон», «Меҳргон», «Зарнигор» ва «Зироаткор-64»-ро кишт кунанд.




Чӣ тавре ки сардори шӯъбаи рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Саидмурод Баҳриддинов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ин навъи тухми чигит дар сурати риояи қоидаҳои агротехникӣ дар муддати 100 рӯз ба ҳосил медарояд. «Соли равон ҳосили зироати ғалладона нисбат ба соли гузашта беҳтар хоҳад шуд», – гуфт ӯ.



Ёдрас мекунем, ки соли ҷорӣ дар майдони беш аз 216 ҳазор гектар зироати ғалладона кишт карда шуда, аз нисф зиёди он (120 ҳазор гектар) дар заминҳои обӣ воқеъ аст. «Ман боварӣ дорам, ки имсол дар ҷумҳурӣ беш аз 1 млн. тонна ҳосили зироати ғалладона ба даст оварда хоҳад шуд»,- афзуд С.Баҳриддинов.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.