Тоҷикистон масъалаи пардохти қарзи ширкати «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-1»-ро ҳаллу фасл намуд

            Душанбе. 27-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Як қатор хабаргузориҳои Русия иттилоъ медиҳанд, ки Тоҷикистон масъалаи пардохти қарзи ширкати «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳи Сангтӯда-1-ро ҳаллу фасл намудааст. Ин изҳорот ҳангоми сафари ноиби сарвазири Русия Игор Сечин ба ҷумҳурӣ садо дод. «Коммерсантъ» хабар медиҳад, ки пардохти қарз аз ҷониби Тоҷикистон, ки беш аз 10 млн. доллари […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 27-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Як қатор хабаргузориҳои Русия иттилоъ медиҳанд, ки Тоҷикистон масъалаи пардохти қарзи ширкати «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳи Сангтӯда-1-ро ҳаллу фасл намудааст. Ин изҳорот ҳангоми сафари ноиби сарвазири Русия Игор Сечин ба ҷумҳурӣ садо дод.




«Коммерсантъ» хабар медиҳад, ки пардохти қарз аз ҷониби Тоҷикистон, ки беш аз 10 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, имкон фароҳам месозад, то нимаи моҳи майи соли ҷорӣ агрегати охирини нерӯгоҳ мавриди истифода қарор гирад.



Гуфта мешавад, рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаригардида муовини аввали нахуствазири ҶТ дар ҳузури Игор Сечин гуфтааст, ки масъалаи пардохти қарзи ширкати «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳал шудааст. Аз ширкати «Интер РО ЕЭС» ба «Ъ» изҳор доштаанд, ки «ҷониби Тоҷикистон реҷаи пардохти қарзи мазкурро пешниҳод кардааст ва онҳо умедворанд, ки ин реҷа риоя хоҳад шуд».


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.