Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Аз Котиботи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) хабар доданд, ки Созишнома оид ба фаъолияти сулҳомези СААД ҳукми қонуниро соҳиб гашт.
Бино ба иттилои манбаъ, ахири ҳафтаи гузашта ба Котиботи созмон мактуби давлати Русия перомуни ба иҷро расилани қоидаву тартиботи дохиликишварӣ ҷиҳати ҳукми қонунӣ гирифтани созишномаи мазкур ворид гаштааст. Қобили зикр аст, ки Созишнома оид ба роҳандозии фаъолияти сулҳомези СААД аз ҷониби аъзои созмон 14-уми июли соли 2007 дар нишасти Душанбе ба имзо расида буд. Санади мазкур тайи соли 2008 аз ҷониби парлумонҳои Белорус, Қазоқистон ва Арманистон тасдиқ гардида буд.
Дар созишнома таъкид мегардад, ки роҳандозии фаъолияти сулҳомези СААД воситаи муассири таҳкими мавқеи созмон ва нуфузи сиёсии он дар арсаи симёсати байнулмилалӣ хоҳад буд. Тибқи созишнома, аз ҳисоби ҳайату қувваҳои кишварҳои узв нерӯҳои сулҳомези созмон таъсис дода шуда, онҳо аз рӯи барномаҳои ягона омӯзонида мешаванд ва дар тамринҳои муштарак мунтазам ширкат хоҳанд варзид.
Дар созишнома иштироки нерӯҳои СААД дар амалиёти барқарории сулҳу субот дар кишварҳои узви созмон ва қаламрави кишварҳои дигар тибқи қарори СММ пешбинӣ шудааст.


