Созишнома оид ба роҳандозии фаъолияти барқарорсозии сулҳу суботи СААД ҳукми қонуниро соҳиб гашт

            Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Аз Котиботи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) хабар доданд, ки Созишнома оид ба фаъолияти сулҳомези СААД ҳукми қонуниро соҳиб гашт.             Бино ба иттилои манбаъ, ахири ҳафтаи гузашта ба Котиботи созмон мактуби давлати Русия перомуни ба иҷро расилани қоидаву тартиботи дохиликишварӣ ҷиҳати ҳукми қонунӣ гирифтани созишномаи мазкур ворид […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Аз Котиботи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) хабар доданд, ки Созишнома оид ба фаъолияти сулҳомези СААД ҳукми қонуниро соҳиб гашт.





           

Бино ба иттилои манбаъ, ахири ҳафтаи гузашта ба Котиботи созмон мактуби давлати Русия перомуни ба иҷро расилани қоидаву тартиботи дохиликишварӣ ҷиҳати ҳукми қонунӣ гирифтани созишномаи мазкур ворид гаштааст. Қобили зикр аст, ки Созишнома оид ба роҳандозии фаъолияти сулҳомези СААД аз ҷониби аъзои созмон 14-уми июли соли 2007 дар нишасти Душанбе ба имзо расида буд. Санади мазкур тайи соли 2008 аз ҷониби парлумонҳои Белорус, Қазоқистон ва Арманистон тасдиқ гардида буд.




           

Дар созишнома таъкид мегардад, ки роҳандозии фаъолияти сулҳомези СААД воситаи муассири таҳкими мавқеи созмон ва нуфузи сиёсии он дар арсаи симёсати байнулмилалӣ хоҳад буд. Тибқи созишнома, аз ҳисоби ҳайату қувваҳои кишварҳои узв нерӯҳои сулҳомези созмон таъсис дода шуда, онҳо аз рӯи барномаҳои ягона омӯзонида мешаванд ва дар тамринҳои муштарак мунтазам ширкат хоҳанд варзид.



Дар созишнома иштироки нерӯҳои СААД дар амалиёти барқарории сулҳу субот дар кишварҳои узви созмон ва қаламрави кишварҳои дигар тибқи қарори СММ пешбинӣ шудааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.