Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба Тошканд сафар кард

Дашенбе. 7-ми апрел. «Азия-Плюс» – | Вазири корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳамрохон Зарифӣ субҳи имруз ба  Ҷумҳурии Узбекистон сафар кард.  Вазир дар вохӯрии вазирони  «сегонаи» ИА – Осиёи Марказӣ, ки интизор аст имруз дар Тошканд  баргузор гардад, ширкат  меварзад. Тавре ба «АП» дар департаменти иттилоотии вазорат хабар доданд, нақша аст дар баробари ширкат дар чорабинии […]

Аваз Юлдошев

Дашенбе. 7-ми апрел. «Азия-Плюс» – | Вазири корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳамрохон Зарифӣ субҳи имруз ба  Ҷумҳурии Узбекистон сафар кард.  Вазир дар вохӯрии вазирони  «сегонаи» ИА – Осиёи Марказӣ, ки интизор аст имруз дар Тошканд  баргузор гардад, ширкат  меварзад.

Тавре ба «АП» дар департаменти иттилоотии вазорат хабар доданд, нақша аст дар баробари ширкат дар чорабинии зикршуда Зарифӣ инчунин вохӯрии дуҷониба бо вазири корҳои хориҷаи Маҷористон, ҷаноб Янош Мартонӣ баргузор намояд. Маврид ба зикр аст, ки Маҷористон давлатест,ки дар нимсолаи аввали соли 2011 дар ИА вазифаи раисиро ба душ дорад.

«Дар рафти вохури дар Тошканд нақша аст дурнамои рушди муносиботи ИА ва давлатҳои  манотиқи Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯбаи амалисозии Стратегияи нави мушорикати ИА бо Осиёи Марказӣ ва  инчунин масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ ва  манотиқи дар бахши энергетика, муҳити зист, истифодаи манобеи обӣ, таъмини бехатарии марз ва мубориза бо маводи мухаддар баррасӣ шаванд», – хабар медиҳад ВКХ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.