Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар Тошканд як қатор вохурҳо баргузор намуд

Душанбе. 8 апрел. «Азия-Плюс» – | Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар нишасти навбатии байниминтақавии вазирони умури хориҷаи «Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ» , ки дар пойтахти Ӯзбекистон баргузор мегардад, ширкат варзид. Тавре ба «АП» дар департаменти иттилоотии вазорат хабар доданд дар нишаст ҳамчунин вазирони умури хориҷаи Ҷумҳурии Маҷористон, ба ҳайси намояндаи ИА, Ҷумҳурии […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 8 апрел. «Азия-Плюс» – | Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар нишасти навбатии байниминтақавии вазирони умури хориҷаи «Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ» , ки дар пойтахти Ӯзбекистон баргузор мегардад, ширкат варзид.

Тавре ба «АП» дар департаменти иттилоотии вазорат хабар доданд дар нишаст ҳамчунин вазирони умури хориҷаи Ҷумҳурии Маҷористон, ба ҳайси намояндаи ИА, Ҷумҳурии Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва муовини вазири корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Қазоқистон ширкат варзиданд.

Ба иттилои манбаъ, Ҳамрохон Зарифӣ зимни нишаст дар хусуси амалисозии Стратегияи ИА дар Осиёи Марказӣ, ҳамкориҳо дар бахши иқтисод ва тиҷорат, масъалаҳои минтақавӣ ва амният сухан карда мавқеи Тоҷикистон ва роҳҳои ҳали мушкилоти дар минтақа ҷойдошта ва нақши Иттиҳоди Аврупоро дар ин самт баён кард.

«Вазири умури хориҷаи Тоҷикиистон зимни баромади худ дар мавзӯи энергетика ва муҳити зист афзилияти кишварро барои рушди бахши гидроэнергетика рушан кард. Пас аз анҷоми ҷаласаи корӣ сарони ҳайати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо масоили ҳамкориҳои байналмиллалӣ аз ҷумла Афғонистон ва Покистонро сари хӯроки нисфирӯзӣ баррасӣ карданд», – хабар медиҳад манбаъ.

Дар қисмати дуввуми рӯз дар Тошканд вохурии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии вазири корҳои хориҷа Ҳамрохон Зарифӣ ва намояндагони Иттиҳоди Аврупо бо роҳбарии вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Маҷористон Янош Мартонӣ баргузор гашт.

« Ба гуфтаи раҳбари ҳайати Иттиҳоди Аврупо муносибати ИА ва Тоҷикистон дар сатҳи хуб қарор дорад ва Иттиҳод барномаҳои худро дар кишвар бо мувафаққият амалӣ месозад. Ӯ инчунин барои дастгирӣ ва ҳамкорӣ дар амалисозии барномаҳо ва лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон миннатдорӣ баён кард. Ҳамрохон Зарифӣ дар навбати худ ба Иттиҳоди Аврупо барои расондани кумак ба Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф аз ҷумла ислоҳоти системаи молӣ, таббадулот дар бахши хоҷагии қишлоқ, пурзӯрнамоии марз ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.