Тоҷикистон бо Узбекистон дар хусуси нархи гази табии гуфтушунид дорад

Душанбе. 8 апрел. «Азия-Плюс» – | Тоҷикистон бо Узбекистон дар хусуси паст кардани нархи гази табии гуфтушунид дорад. Тавре вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шерали дар рафти нишасти матбуотӣ, ки рузи панҷшанбе дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, иброз дошт, дар ҳоли ҳозир раҳбари ҶСШК «Тоҷиктрансгаз» Саидмаҳмад Шарофиддинов ҷиҳати баргузор намудани гуфтушунид бо ҳамтоёни узбекаш […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 8 апрел. «Азия-Плюс» – | Тоҷикистон бо Узбекистон дар хусуси паст кардани нархи гази табии гуфтушунид дорад.

Тавре вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шерали дар рафти нишасти матбуотӣ, ки рузи панҷшанбе дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, иброз дошт, дар ҳоли ҳозир раҳбари ҶСШК «Тоҷиктрансгаз» Саидмаҳмад Шарофиддинов ҷиҳати баргузор намудани гуфтушунид бо ҳамтоёни узбекаш дар Тошканд қарор дорад.

«Мо бо «Узтрансгаз» ҳамкории зич дошта масъалаи мазкурро чандин маротиба бардоштем», – мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи вазир гази Узбекистонро феълан танҳо КВД «Талко» ва «Тоҷиксемент» мегиранд. «То муддати чанд аҳолии қисмати шимоли кишвар низ бо ин газ таъмин карда мешуд, аммо имруз бо баланд бардоштани нархи он ин минтақа аз газ даст кашид»,- мегуяд вазир.

Ёдовар мешавем, ки Узбекистон дар оғози семоҳаи дуввуми соли равон арзиши газро аз $227,85 то $249, яъне $21,15 баланд бардошт.

Ба гуфтаи Гул Шерали ҳукумати Узбекистон баланд бардоштани арзиши гази табииро ба афзоиши нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ рабт медиҳад.

«Мо бояд ҳаҷми истихроҷу коркарди гази худиро афзоиш диҳем-изҳор дошт вазир. – Аммо барои ин вақт лозим аст,зеро сӯзишворӣ дар қаламрави кишварамон дар жарфи 5-7 километр вуҷуд дорад».

Ӯ инчунин илова намуд, ки истихроҷи гази табии худӣ дар кишвар тибқи нақша амалӣ мешавад.

«Дар анҷоми соли гузашта корхонаи фаръии «Газпром» дар ноҳияи Шаҳринав корашро оғоз кард. Ҳамчунин давоми соли ҷори ширкати «Тетис Петролиум Тоҷикистон» ба пармакунии чоҳ дар ҷануби кишвар ва дар охири сол ширкати «Сомон Ойл» дар шимол шурӯъ мекунанд».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.