Дар Душанбе машварати сиёсӣ миёни Тоҷикистону Амрико баргузор гашт

Душанбе. 12 апрел. «Азия-Плюс» – | Дар бинои марказии ҳукумати Точикистон 11 апрел машварати дуввуми сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гашт. Тавре ба «АП» дар департаменти иттилоотии Вазорати корҳои хориҷаи кишвар хабар доданд, ҳайати расмии Тоҷикистонро дар машварат вазири умури хориҷа Ҳамрохон Зарифӣ раҳбарӣ кард. Дар ҳайат инчунин намояндагони мақомоти дахлдори […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 12 апрел. «Азия-Плюс» – | Дар бинои марказии ҳукумати Точикистон 11 апрел машварати дуввуми сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гашт.

Тавре ба «АП» дар департаменти иттилоотии Вазорати корҳои хориҷаи кишвар хабар доданд, ҳайати расмии Тоҷикистонро дар машварат вазири умури хориҷа Ҳамрохон Зарифӣ раҳбарӣ кард. Дар ҳайат инчунин намояндагони мақомоти дахлдори давлат шомил буданд.

Ҳайати расмии ИМА ро муовини котиби давлатии Амрико Роберт Блейк раҳбарӣ кард. Сафири  ИМА дар ҶТ, намояндагони вазорати мудофиаи ИМА, USAID ва дигарон ба хайати Амрико шомил буданд.

Зимни гуфтушунид масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, иқтисод ва савдо, ислоҳоти бахши хоҷагии қишлоқ, таъмини фазои мусоиди сармоягузорӣ, гидроэнергетика, вазъи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла озодии ВАО, дин ва мазҳаб, вазъи Афғонистон, амнияти марзӣ, мубориза бо маводи мухаддар ва тероризми байналхалқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«Масъалаи рушди инфрасохтор ва лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт, инчунин лоиҳаҳои энергетикие, ки муштарак бо дигар давлатҳо таҳия шудаанд, алалхусус лоиҳаи CASA – 1000 баррасӣ шуданд», хабар доданд дар Вазорати умури хориҷа.

«Ҷонибҳо зикр намуданд, ки рушди муносибати дарозмуддат, пойдор ва дӯстона миёни Тоҷикистону ИМА ба манфиати ҳар ду давлат равона шуда барои рушд ва мустаҳкамнамоии сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон мусоидат мекунад», қайд кард намояндаи вазорат.

Ҳамрохон Зарифӣ аз ҷамъбасти машварат изҳори розигӣ намуда чунин шакли машварати дуҷонибаро барои мавқеъгирӣ ва дурнамои вазъи муносибати дуҷониба, муайян намудани роҳҳои минбаъдаи рушди он қуллай унвон кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.