Се тан марзбони тоҷик дар қочоқи маводи мухаддар гумонбар шуданд

Date:

Душанбе. 12 апрел. «Азия-Плюс» – | Чанд тан марзбони тоҷик дар қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддар гумонбар шуданд.

Тавре ба «АП» дар ВКД хабар доданд, ҳар се дар қочоқи маводи мухаддар, ки охири моҳи март ошкор гардид гумонбар шуданд.

Ёдрас мекунем, ки 28 март дар анбори мағозаи хӯроквории «Сабина», воқеъ дар наздикии тарабхонаи «Арбат»-и пойтахт, маводи мухаддари сахттаъсири афғонӣ дар ҳаҷми 83 кг, ки аз он 80 кг ҳашиш ва 3 кг-ро ҳероин ташкил медод, ошкор ва мусодира гардид.

«Миқдори мазкури маводи нашъадор ба Душанбе аз яке аз ноҳияҳои сарҳадии вилояти Хатлон оварда шуд. Худи ҳамон рӯзсоҳиби мағозаи «Сабина», бародари ӯ ва мудири анбор ба ҳайси гумонбари ҷиноят дастгир карда шуданд», – хабар медиҳад манбаъ. Дар ВКД-и кишвар иттилоъ доданд, ки кормандони мақомоти қудратӣ дар пайи як амалиёт макони будубоши се хидматчии яке аз қисмҳои сарҳадиро, ки дар ҳудуди ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон мустақар аст, пайдо карданд.

«Муайян шудааст, ки хизматчиёни ҳарбӣ И.С., М. Ҷ. ва У.Р. ба соҳибмулки мағоза ба маблағи $300 маводи мухаддари дар боло зикршуда фурӯхтанд», – қайд кард манбаъ.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишон идома дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...