Кӯлоб. 14-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Тайи як сол дар Кӯлоб ба маблағи 202 ҳазор сомонӣ амволи аз ҷониби додгоҳи иқтисодӣ ҳабсшуда фурӯхта шуд.
Тавре директори шӯъбаи дар Кӯлоб будаи КВД оид ба фурӯши амволи давлатӣ Фахриддин Рустамов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, соли равон дар музояда 22 иншоот, аз қабили бошишгоҳҳои саҳроиву анборҳо, 4 мошин ба фурӯш гузошта шуда буданд, ки маблағҳои бадастомада ба буҷа ворид гардиданд.
«Як музояда баргузор нагардид, зеро барои фурӯши нуқтаи таъмини гази ноҳияи Темурмалик танҳо як харидор ҳозир шуд ва бо як нафар доир намудани музояда мухолифи қонун аст», – гуфт ӯ ва афзуд, ки ин музояда соли ҷорӣ баргузор хоҳад гашт.


