Сӯхтори азим дар бозори «Шоҳмансур»

Душанбе. 10-уми май. «Азия-Плюс»  — Дар яке аз бозорҳои бузургтарини шаҳри Душанбе – «Шоҳмансур», ки миёни мардум ва меҳмонони пойтахт бештар бо номи «Зелёний» маъруф аст, сӯхтори азиме сар зад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, сӯхтор шаби 9-уми майи соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайваста, дар майдони 300 метри мураббаъ […]

Наргис Ҳамробоева

Душанбе. 10-уми май. «Азия-Плюс»  — Дар яке аз бозорҳои бузургтарини шаҳри Душанбе – «Шоҳмансур», ки миёни мардум ва меҳмонони пойтахт бештар бо номи «Зелёний» маъруф аст, сӯхтори азиме сар зад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, сӯхтор шаби 9-уми майи соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайваста, дар майдони 300 метри мураббаъ ошхона ва клуби бозии билярдро нобуд сохтааст. «Ба дастаҳои оташнишонии ҳозиршуда муяссар гардид, ки хатари паҳншавии оташ ба нуқтаҳои фурӯши гирду атрофро пешгирӣ намоянд», – гуфт сарчашма.

Зикр гардид, ки бинобар муайян сохтани сабабҳо ва ҳаҷми зарари расида рӯзи 9-уми май бозори «Шоҳмансур» баста шуда буд.

Бино ба маълумоти Хадамоти давлатии оташнишонии ҷумҳурӣ, соли равон дар қаламрави Тоҷикистон 269 ҳодисаи сӯхтор (ҳамин давраи соли гузашта – 182 ҳодиса) ба вуқӯъ пайваста, бар асари он 9 нафар ҳалок ва 59 тан осеб дидаанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.