Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси Тоҷикистон ба таҳқиқ ва ҷустуҷӯи сарчашмаи овозаи бардурӯғ дар бораи зилзилаи шиддаташ 9 дараҷа, ки аксари шаҳрвандони Тоҷикистонро шаби 9-ум ба 10-уми январ аз хона ба берун кашид, оғоз намуданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз сохторҳои қудратии кишвар хабар доданд.
Ба гуфтаи худи шаҳрвандон, занги телефонии хешовандону дӯстон, ки ба маълумоти марказҳои зилзиланигорӣ, фолбинҳо ва ҳатто Васоити Ахбори Омма такя менамуданд, онҳоро водор ба тарки манзил карданд. Овозаи беасос дар як лаҳза тамоми кишварро давр зада, миёни мардум воҳима андохт. Аксари одамон шабро дар кӯчаву хиёбонҳои сард, дохили мошинҳо ва атрофи гулханҳо паси сар карданд.
Танҳо субҳи рӯзи дигар, баъди суханронии олим ва зилзилашиноси тоҷик Собит Неъматуллоев тавассути шабакаҳои телевизионӣ, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ором шуданд. Неъматуллоев дар муроҷиати худ ба мардуми кишвар гуфт, ки ба ҳеҷ сурат ба овозаҳои марбут ба заминларза бовар накунанд, зеро ки то кунун дар ҷаҳон таҷҳизот ва ё дастгоҳе вуҷуд надорад, ки битавонад вуқӯъи заминларзаро пешгӯӣ кунад.
Воқеъан, тавре ба мо аз маркази зилзиланигории Душанбе иттилоъ доданд, ҳамон шаби 9-ум ба 10-уми январ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ягон ҳодисаи зилзила ба қайд гирифта нашуд.


