Суғд: Модар духтари 10-солаи худро ба ивази 3 ҳазор $ фурӯхтанӣ шуд

Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» – | Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як модаре ният дошт, ки духтари 10-солаи худро ба ивази 3 ҳазор долллари ИМА бифурӯшад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, рӯзи 25-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд як зани 50-солаи қаблан доғи судӣ дошта боздошт шудааст, ки нияти […]

Наргис Ҳамробоева

Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» – | Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як модаре ният дошт, ки духтари 10-солаи худро ба ивази 3 ҳазор долллари ИМА бифурӯшад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, рӯзи 25-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд як зани 50-солаи қаблан доғи судӣ дошта боздошт шудааст, ки нияти фурӯхтани духтари 10-солаи худ ба ивази 3 ҳазор доллари ИМА-ро доштааст. «Духтари ноболиғ дар ҳеҷ куҷое таҳсил надошта, дар шароити душвори моддӣ ба воя мерасидааст ва маҳз ин омил модарро маҷбур сохтааст, ки ӯро ба шахсони доротару сарватманд бифурӯшад», – гуфтанд дар вазорат.

Бино ба маълумоти вазорати мазкур, танҳо дар соли гузашта 530 ҷиноёти ба гунае марбут ба хариду фурӯши одамон ошкор карда шудааст. Миёни онҳо 7 далел тибқи моддаи 130 (Одамрабоӣ); 6 далел тибқи моддаи 130 замимаи 1 (Хариду фурӯши одамон); 10 ҳодиса аз рӯйи моддаи 131 (Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ); 14 далел тибқи моддаи 132 (Ҷалби одамон барои истисмор); 16 ҳодиса мувофиқи моддаи 167 (Хариду фурӯши ноболиғон)-и КҶ ҶТ ва ғайра ҷой доранд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.