Ҷопон беморхонаи қитъаи ноҳияи Айнии роҳи Душанбе-Чаноқро аз таъмир баровард

Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» | — Имрӯз бо иштироки котиби аввали сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон Казя Харада ва раиси ноҳияи Айнӣ Рустам Раҳматов маросими пас аз таъмир мавриди истифода қарор гирифтани беморхонаи минтақавии №1-и ҷамоати Анзоби ноҳияи Айнӣ баргузор мешавад. Тавре аз сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, корҳои таҷдиду таъмири беморхонаи мазкур дар доираи […]

Мавҷуда Ҳасанова

Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» | — Имрӯз бо иштироки котиби аввали сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон Казя Харада ва раиси ноҳияи Айнӣ Рустам Раҳматов маросими пас аз таъмир мавриди истифода қарор гирифтани беморхонаи минтақавии №1-и ҷамоати Анзоби ноҳияи Айнӣ баргузор мешавад.

Тавре аз сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, корҳои таҷдиду таъмири беморхонаи мазкур дар доираи лоихаи минтақавии барқарор сохтани беморхонаи минтақавии №1-и ҷамоати Анзоби ноҳияи Айнӣ сурат гирифта, баҳри амалӣ сохтани он ҳукумати Ҷопон 89,5 ҳазор $ маблағ ҷудо кардааст.  

Ба иттилои манбаъ, беморхонаи мазкур соли 1981 ба истифода дода шуда, ба ҷуз пешниҳоди хизматгузории тиббӣ ба аҳолии маҳаллӣ, муассисаи тиббии наздиктарин ба нақби «Истиқлол» ва яке аз қитъаҳои роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ аст. «Дар ин беморхона ба ҷабрдидагони садамаҳои нақлиётӣ дар қитъаи роҳи мазкур кӯмаки аввалияи тиббӣ расонида мешавад», – афзуд сарчашма.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.