Вазорати кишоварзӣ: Соли равон дар ҷумҳурӣ дар 202 ҳазор гектар пунбадона кишт мешавад

Душанбе. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ сардори раёсати сиёсати иқтисодӣ ва банақшагирии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Сафар Мамадов изҳор дошт, ки соли равон вазорат кишти пунбадонаро дар 202 ҳазор гектар замин ба нақша гирифтааст. Ба гуфтаи мутахассис, ҳамасола барои кишти ин зироати стратегӣ тақрибан 260 ҳазор гектар майдони кишт ҷудо мегардид. «Соли […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ сардори раёсати сиёсати иқтисодӣ ва банақшагирии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Сафар Мамадов изҳор дошт, ки соли равон вазорат кишти пунбадонаро дар 202 ҳазор гектар замин ба нақша гирифтааст.




Ба гуфтаи мутахассис, ҳамасола барои кишти ин зироати стратегӣ тақрибан 260 ҳазор гектар майдони кишт ҷудо мегардид. «Соли ҷорӣ аз ҳисоби заминҳои кишти пахта дар беш аз 50 ҳазор гектар зироатҳои ғалладона, аз ҷумла гандум ва дигар зироатҳо кишт карда мешаванд», – гуфт ӯ.



Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар 253 ҳазор гектар кишти пунбадона гузаронида шуда, бо сабабҳои объективӣ танҳо дар 237 гектари он пунбадона нашъунамо ёфт ва аз нақшаи пешбинишудаи 552 ҳазор тонна пахта ҳамагӣ 351 ҳазору 115 тонна ҳосил ба даст оварда шуд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.