ВКХ ҶТ: Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Аштархон «гаравгон» гирифта нашудаанд

Date:


Душанбе. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ дар Русия ҷиҳати расидагӣ ба ҷузъиёти қазияи муҳоҷирони тоҷик ба ҷои ҳодиса – шаҳри Аштархон рафтаанд.




Тавре сардори департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, воқеъан аз 26-уми декабр то кунун дар шӯъбаи умури дохилӣ дар нақлиёт дар ҳамдастӣ бо кормандони назорати гумруки истгоҳи «Ақсарай»-и вилояти Ашатрхони Русия бо далели ҷой доштани тамғаҳои қалбакии убури марзи давлатӣ ба мӯҳлати се моҳ нисбат ба мусофирони қатораҳои хатсайри Маскав-Душанбе ва Маскав-Кӯлоб, шаҳрвандони Тоҷикистон 23 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

 




Ба иттилои масъулини шӯъбаи умури дохилии вилояти Аштархон, нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар рӯйхати пешакӣ 12 нафар сабт шудаанд, тафтишот ҷараён дорад, вале онҳо ба ҳабс гирифта нашуда, дар озодӣ қарор доранд. «Ғайр аз ин, нисбат ба 10 шаҳрванди кишвари мо феълан ҷиҳати боз кардани парвандаи ҷиноӣ мавод омода мегардад ва пас аз анҷоми корҳои тафтишотӣ парвандаҳо барои моҳиятан баррасӣ намудан ба додгоҳи вилояти Аштархон фиристода хоҳанд шуд», – таъкид сохт Д.Назриев.



Д.Назриев изҳор дошт, ки айни замон дар Аштархон намояндагони Вазорати умури дохилии ҶТ дар ҳамдастӣ бо мақомоти салоҳиятдори Русия ҷиҳати ба ватан фиристодани шаҳрвандони тоҷик чораҳои зарурӣ меандешанд. «Мо вазъро то ахир пайгирӣ хоҳем кард, зеро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти вазорати умури хориҷии кишвар – дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат аст», – афзуд ӯ.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...