Ҳукумати Тоҷикистон Консепсияи аграрии ҷумҳуриро тасдиқ кард

Душанбе. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳукумати Тоҷикистон Консепсияи аграрии ҷумҳуриро тасдиқ кард. Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, консепсияи мазкур то соли 2020 пешбинӣ шуда, он бо мақсади истифодаи пурмаҳсули захираҳо, ҷойгиркунии оқилонаи истеҳсолоти кишоварзӣ, беҳбуди вазъи таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва таъмини корхонаҳои саноати бо ашёи хоми кишоварзӣ […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳукумати Тоҷикистон Консепсияи аграрии ҷумҳуриро тасдиқ кард.




Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, консепсияи мазкур то соли 2020 пешбинӣ шуда, он бо мақсади истифодаи пурмаҳсули захираҳо, ҷойгиркунии оқилонаи истеҳсолоти кишоварзӣ, беҳбуди вазъи таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва таъмини корхонаҳои саноати бо ашёи хоми кишоварзӣ таҳия гаштааст.



Бино ба иттилои манбаъ, консепсия ба танзими бозори маҳсулоти кишоварзии кишвар, дастгириву дифоъи истеҳсолкунандаи маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми деҳоти ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард. «Дар консепсия ба масоили рушди бахшҳои растанипарварӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ, аспппарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, истифодаи оқилонаи захираҳо ва таъмини амнияти ғизоии аҳолии ҷумҳурӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир шудааст», – гуфт манбаъ.



Қобили зикр аст, ки консепсия аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ, Академияи улуми кишоварзӣ ва коршиносони беҳтарини соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ таҳия гардид.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.