Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» — Чанде қабл мулоқоти вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов бо Ваколатдори муваққатии сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Йошихиро Накаяма доир гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот атрофи масоил ва мушкилоти мавҷуда дар соҳаи бонкӣ ва чорахои андешида пас аз давраи бӯҳронӣ табодули афкор сурат гирифт.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ба масоили ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои муштараки байнидавлатӣ дар бахшҳои гидроэнергетика, саноат, таъмир ва сохтмони роҳҳо ва ҳамчунин таҳкиму густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорат, ҷалби сармоягузорӣ, рушди сохибкорӣ ва ҷорисозии технологияи нав дар иқтисод таваҷҷӯҳи хосса зоҳир сохтанд. «Масоили роҳандозии сиёсати молияву андоз, вазъи кунунӣ, пешгӯйиҳо ва хизматгузории қарзи хориҷӣ, муносиботи Тоҷикистон бо бонкҳо ва созмонҳои байнулмилалии молиявӣ низ дар маркази таваҷҷӯҳи ҷонибҳо қарор дошт», – афзуд сарчашма.