spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ҳукумат ҷараёни таҳсилоти динии тоҷикон дар хориҷи кишварро танзим мекунад

Душанбе. 25-уми май. «Азия-Плюс» — Имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияи динӣ»-ро пазируфтанд.

Зимни суханронӣ дар назди намояндагони мардумӣ раиси Кумитаи дини назди ҳукумати кишвар Абдураҳим Холиқов иброз дошт, ки ҳадаф аз ворид намудани тағйирот ба қонуни мазкур танзими ҷараёни ба таҳсилоти динӣ фаро гирифта шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар буда, мутобиқи тағйироти пешниҳодшуда, аз ин ба баъд шаҳрвандони Тоҷикистон ба гирифтани маълумоти динӣ дар хориҷи кишвар танҳо баъд аз гирифтани маълумоти ибтидоӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ва мувофиқи иҷозатномаи Вазорати маориф ва Кумитаи дин ҳуқуқ доранд.

Намояндаи мардумӣ Давлаталӣ Давлатзода дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аслан пайравони равияи суннианд, вале чанде аз шаҳрвандон зимни таҳсил дар хориҷи ҷумҳурӣ мутобиқи равияҳои дигар таълим дода мешаванд, ки ин метавонад ба низоъу мухолифат дар шарҳи баъзе рукнҳои ислом оварда расонад. «Акнун давлат дар куҷо ва чӣ гуна маълумоти динӣ  гирифтани шаҳрванди Тоҷикистонро танзим хоҳад кард, ки он ба рафъи мухолифат миёни рӯҳониён ва умуман ҷомеа мусоидат менамояд», – гуфт ӯ.

Зимни посух ба суоли раиси палатаи поёнии парлумон дар хусуси шумораи муассисаҳои таълимии динӣ дар кишвар ва имкони дубора ба таҳсил фаро гирифтани донишҷӯёни ба ватан баргашта, Холиқов таъкид сохт, ки айни замон имконоти Тоҷикистон дар ин самт кофӣ аст. «Феълан дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ҳудуди 1,5 ҳазор нафар донишҷӯён ва дар 19 мадрасаву як гимназияи динӣ ва ду мактаби равияи диниву дунявӣ ҳудуди 6 ҳазор толибилмон ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд», – афзуд раиси Кумитаи дини ҷумҳурӣ.

Намояндагони палатаи поёнии парлумон бидуни баррасӣ тағйирот ба қонуни мазкурро маъқул шумориданд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...