Душанбе. 3-юми июн. «Азия-Плюс» — | Узви Кумитаи иқтисод, буҷа, молия ва андози палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Исмоил Талбаков зимни шарҳи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ дар хусуси аз 100 доллари ИМА (445 сомонӣ) боло рафтани музди миёнаи меҳнат дар Тоҷикистон дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иброз кард, ки бо музди миёнаи меҳнати имрӯза дар Тоҷикистон зистан хеле душвор аст.
«Афзоиши қимати маводи сӯзишворӣ аз ҷониби кишварҳои содиркунанда ба болоравии босуръати қариб ҳамаи навъи маҳсулот боис гардида, сатҳи таваррум мудом дар ҳоли афзоиш аст ва имрӯз 445 сомонӣ он арзишеро надорад, ки аввали ҳамин сол дошт», – гуфт ӯ.
И.Талбаков мегӯяд, барои муайян кардани сатҳи маоше, ки метавон бо он дар ҷумҳурӣ зиндагӣ кард, мебояд ҳаҷми сабади истеъмолии мӯътадилро таҳия кард. «Парлумон Қонун «Дар бораи сабади истеъмолӣ»-ро қабул кард, ки мутобиқи он, сохторҳои дахлдор ҳаҷми онро муқаррар мекунанд, аммо ин корҳо ҳоло то охир ба субут нарасидаанд», – иброз дошт номбурда.
Бино ба маълумоти Агентии омори кишвар, арзиши маҷмӯи маҳсулоти ғизоии сабади истеъмолӣ тибқи истеъмоли воқеъӣ ба охири моҳи марти соли равон барои як нафар узви оила 122 сомонӣ (27,2 $) дар як моҳро ташкил медиҳад. Ҳангоми истеъмоли хӯроки серғизо бошад, арзиши сабади истеъмолӣ барои як узви оила 232 сомонӣ (51,9 $)-ро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ дар моҳи марти соли равон 472 сомонӣ (тақрибан 103 $)-ро ташкил додаст, ки нисбат ба моҳи феврал дар ифодаи номиналӣ ба андозаи 12% бештар аст.
Ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақал дар ҷумҳурӣ 80 сомонӣ (18 $) ва ҳадди ниҳоӣ 2195 сомонӣ (488 $) дар як моҳро ташкил медиҳад.
Акс аз www.ozodi.org