Роҳандозии ҳамкориҳои судманди вилояти Хатлон бо вилояти Новосибирски Русия

Қӯрғонтеппа. 7-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ҳукуматдорони вилояти Хатлон ба маъмурияти вилояти Новосибирски Русия лоиҳаи Меморандум дар бораи роҳандозии ҳамкориҳоро пешниҳод карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи робитаҳои иқтисодии хориҷии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Давлатхӯҷа Мирзоев хабар дод, соли гузашта як ҳайати вилояти Хатлон аз Олтой боздид намуда, бо мансабдорони баландпояи вилояти Новосибирск дидору […]

Сайраҳмон Назриев

Қӯрғонтеппа. 7-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ҳукуматдорони вилояти Хатлон ба маъмурияти вилояти Новосибирски Русия лоиҳаи Меморандум дар бораи роҳандозии ҳамкориҳоро пешниҳод карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи робитаҳои иқтисодии хориҷии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Давлатхӯҷа Мирзоев хабар дод, соли гузашта як ҳайати вилояти Хатлон аз Олтой боздид намуда, бо мансабдорони баландпояи вилояти Новосибирск дидору гуфтушунид дошт. «Аз рӯйи натиҷаҳои ин гуфтушунидҳо мо лоиҳаи Меморандум дар бораи ҳамкории минбаъдаи вилоятҳои Хатлон ва Новосибирскро омода сохтем», – гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, дар чаҳорчӯби лоиҳа ба намояндагони Русия роҳандозии ҳамкориҳо дар бахшҳои кишоварзӣ, маориф ва ғайра пешниҳод гардида, ғайр аз ин, ифтитоҳи корхонаи муштараки коркарди сабзавоту мева дар Тоҷикистон мувофиқи мақсад дониста шудааст. «Дар навбати худ, аз онҳо дархост намудем, ки ба мо майдони ҷангал ҷудо созанд, то ки корхонаи коркарди чӯб кушоем. Агар дархости мо қабул шавад, мо метавонем муҳоҷирони кории тоҷики муқими вилояти Новосибирскро ба кор даъват кунем ва корхонаҳои муштарак таъсис дода, маҳсулоти тайёрро ба Тоҷикистон содирот намоем», – афзуд Д.Мирзоев.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.