Ба ОМ Аз шимоли Афғонистон терроризм таҳдид мекунад

Душанбе. 7-уми июл. «Азия-Плюс» — | Русия аз вазъ дар шимоли Афғонистон, ки чанде қабл амалҳои террористии густарда рӯйи кор омаданд, нигаронии ҷиддӣ дорад. «Маҳз аз ҳамон ҷо терроризм босуръат ба қаламрави кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мегузарад», – хабар медиҳад Маркази иттилоооти СММ бо истинод ба муовини аввали намояндаи доимии Русия дар СММ Александр Панкин. […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 7-уми июл. «Азия-Плюс» — | Русия аз вазъ дар шимоли Афғонистон, ки чанде қабл амалҳои террористии густарда рӯйи кор омаданд, нигаронии ҷиддӣ дорад.

«Маҳз аз ҳамон ҷо терроризм босуръат ба қаламрави кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мегузарад», – хабар медиҳад Маркази иттилоооти СММ бо истинод ба муовини аввали намояндаи доимии Русия дар СММ Александр Панкин.

А.Панкин гуфтааст, комилан возеҳ аст, ки толибон то ҳанӯз мақсади муташанниҷу ноамн сохтани вазъ ва барбод додани кӯшишҳои ҷомеаи байнулмилалӣ бобати таъмини сулҳу субот дар Афғонистонро пайгирӣ доранд.

Намояндаи Русия дар СММ ҳамчунин изҳор доштааст, ки таъмини назорати СММ ба нерӯҳои байнулмилалии мусоидат ба сулҳ дар Афғонистон оид ба иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузоштаи Шӯрои СММ бениҳоят муҳим аст. Ӯ таъкид сохтааст, ки онҳо бо иҷозати Шӯрои СММ дар қаламрави ин кишвар қарор доранд, аз ин рӯ, танҳо пас аз ҳисоботи иҷрои ӯҳдадориҳо бо қарори Шӯро аз он ҷо хориҷ мегарданд. Ба гуфтаи ӯ, «нерӯҳои байнулмилалӣ ба тарки Афғонистон бидуни барҳам задани фаъолнокии террористӣ ва таъсиси артишу пулиси нерӯманду пурсамар ҳуқуқ надоранд».

А.Панкин изҳори умедворӣ кардааст, ки коҳиши шумори нерӯҳои низомии амрикоии аз ҷониби президенти Амрико эълоншуда бояд бо кӯшишоти беҳбуд бахшидан ба иқтидори низомии қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон ҷуброн гардад, то ки онҳо ба ҷинояткории ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир истодагарӣ карда тавонанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.