Қаратоғ: Оғози сохтмони Маркази миллии таълимӣ аз ҷониби ИМА

Душанбе. 7-уми июл. «Азия-Плюс» — | Имрӯз сафири ИМА дар Тоҷикистон ҷаноби Кен Гросс ва Фармондеҳи Горди миллӣ генерал Раҳмоналӣ санги аввали бинои омӯзиши тирандозии ҷангиро гузоштанд, ки он як ҷузъи Маркази миллии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Каратоғ мебошад. Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ин лоиҳа, ки арзиши умумиаш 3,1 миллион доллар […]

Asia-Plus

Душанбе. 7-уми июл. «Азия-Плюс» — | Имрӯз сафири ИМА дар Тоҷикистон ҷаноби Кен Гросс ва Фармондеҳи Горди миллӣ генерал Раҳмоналӣ санги аввали бинои омӯзиши тирандозии ҷангиро гузоштанд, ки он як ҷузъи Маркази миллии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Каратоғ мебошад. Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ин лоиҳа, ки арзиши умумиаш 3,1 миллион доллар аст, аз ҷониби Фармондеҳии Марказии ИМА (CENTCOM) маблағгузорӣ мешавад.

Сафир Гросс қайд намуд, ки лоиҳаи мазкур нишондиҳандаи ӯҳдадории ИМА оиди дастгирии кӯшиши Тоҷикистон дар роҳи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳимояи миллат аз терроризм мебошад. Лоиҳа ба дастгирии таълими ҷузъу томҳои вазоратҳои гуногуни қудратии кишвар, ки ба мубориза бо гардиши маводи мухаддир ва терроризм сару кор доранд, равона шудааст.

Пас аз анҷоми сохтмон ин маркази таълимӣ дар Каратоғ дорои машқгоҳҳои ронандагиву тирандозӣ аз пистолет ва дигар аслиҳаи рахпеч, биноҳои омӯзишӣ барои бурдани амалиёти ҷангӣ дар шароити шаҳр ва деҳот, манор барои фурудоӣ бо таноб, синфхонаҳои тобистона ва манорҳои дидбонӣ иборат хоҳад буд.

Лоиҳаи мазкур яке аз силсилалоиҳаҳои ИМА мебошад, ки ба мусоидат дар мубориза алайҳи маводи мухаддир ва тақвияти амнияти сарҳади Тоҷикистон равона шуда, он сохтмони гузаргоҳ ва посбонгоҳҳо дар тӯли сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон ва ҳамчунин таъмини таҷҳизоти махсус аз қабили ратсия, нақлиёт ва дигар таҷҳизоти ҳарбиро дар бар мегирад.

 Дар назар аст, ки лоиҳаи мазкур зимистони ҳамин сол ба анҷом расаду пас аз он CENTCOM дар робита бо ин Маркази таълимӣ боз якчанд лоиҳаҳои дигарро пиёда созад, аз ҷумла сохтмони казарма барои аскарон, ошхона, нуқтаи тиббӣ, бинои маъмурӣ, синфхонаҳо, бардоштани девори атрофи марказ ва чароғон гардонидани он, сохтани роҳҳои фаръӣ ва истгоҳи мошинҳо, ва ғайра. Ин ҳама имкон хоҳанд дод, то таълим дар ин марказ тамоми сол ба рох монда шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.