Чор медали варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои махсуси умумиҷаҳонии олимпӣ

Душанбе. 7-уми июл. «Азия-Плюс» — | Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XIII-уми махсуси тобистонаи умумиҷаҳонии олимпӣ чор медал ба даст оварданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори миллии Спешиал Олимпикси Тоҷикистон Дилбар Шарифова хабар дод, дар мусобиқоти давидан ба масофаи 100 метр толибилми мактаби ёридиҳандаи № 2-и пойтахт Фарида Назарова пирӯз ва соҳиби медали тило шудааст. «Тарбиятгирандаи […]

Валентина Кондрашова

Душанбе. 7-уми июл. «Азия-Плюс» — | Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XIII-уми махсуси тобистонаи умумиҷаҳонии олимпӣ чор медал ба даст оварданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори миллии Спешиал Олимпикси Тоҷикистон Дилбар Шарифова хабар дод, дар мусобиқоти давидан ба масофаи 100 метр толибилми мактаби ёридиҳандаи № 2-и пойтахт Фарида Назарова пирӯз ва соҳиби медали тило шудааст. «Тарбиятгирандаи мактаби махсуси № 3 Фаррух Самадов дар мусобиқоти ҷаҳидан ба дарозӣ ғолиб омада, медали дуввуми тилои Тоҷикистонро таъмин кард», – гуфт ӯ.

Ба қавли ӯ, Фаррух Самадов ҳамчунин дар мусобиқоти давидан ба масофаи 100 метр соҳиби медали нуқра гардида, варзигари дигари тоҷик – Шӯҳрат Шодиев дар мусобиқоти давидан ба масофаи 200 метр сазовори медали биринҷӣ шудааст. «Дастаи юнифайт-футболи Тоҷикистон мақоми шашумро ишғол кард», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки  Бозиҳои XIII-уми махсуси тобистонаи умумиҷаҳонии олимпӣ аз 25-уми июн то 4-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Афина баргузор шуданд. Ҳайати дастаи Тоҷикистон аз 19 нафар иборат буда, он бо дастгирии молиявии ҳукумати ҷумҳурӣ ва Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхии назди ҳукумати кишвар ба ин Бозиҳо сафарбар гардид. Дар маҷмӯъ дар мусобиқоти мазкур беш аз 7 ҳазор варзишгарон аз 185 кишвари дунё ширкат варзиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.