Дар ҷануб ба назари як духтари 15-сола аломатҳои илоҳӣ ҳувайдо гашт (аксҳо)

Кӯлоб. 7-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ як духтари 15-сола шоҳиди ҳодисаи аҷиби табиат гардид, ки аксбардории он ба телефони мобилиаш муяссар шуд. Ба қавли хешовандони духтар, ки ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аксҳои ҷолиберо пешниҳод сохтанд, ин ҳодиса дар маҳаллаи аҳолинишини Зарбдори хоҷагии деҳқонии «Хатлон»-и ноҳияи Кӯлоб ба вуқӯъ пайвастааст. «Ҳангоме ки […]

Турко Дикаев

Кӯлоб. 7-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ як духтари 15-сола шоҳиди ҳодисаи аҷиби табиат гардид, ки аксбардории он ба телефони мобилиаш муяссар шуд.

Ба қавли хешовандони духтар, ки ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аксҳои ҷолиберо пешниҳод сохтанд, ин ҳодиса дар маҳаллаи аҳолинишини Зарбдори хоҷагии деҳқонии «Хатлон»-и ноҳияи Кӯлоб ба вуқӯъ пайвастааст. «Ҳангоме ки Ҳуснорои Хайриддин субҳи 5-уми июл соатҳои 7:10-7:20-и вақти маҳаллӣ назди тиреза нишаста, ба кӯча нигоҳ мекардааст, ногоҳ дар ҳаво пораи абре пайдо шуда, ба шакли калимаи «Оллоҳ» қарор гирифтааст», – гуфтанд онҳо.

Хешовандони духтар ҳамчунин изҳор доштанд, ки Ҳусноро аз ин ҳол сахт ҳаросида, вале муяссараш гаштааст, ки бо телефони мобилиаш якчанд акс бардорад. «Сипас тозон худро зери кӯрпа гирифта, ба доду фарёдзанӣ оғоз мекунад ва модараш омада, ӯро ором сохтааст», – афзуданд онҳо.

Ёдрас мекунем, ки қаблан низ сокинони Тоҷикистон аз пайдо шудани калимаи «Оллоҳ» дар рӯйи сангҳову роҳрав ва пӯсти ҳайвонот низ хабар дода буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.