Қатъи интиқоли нерӯи барқи Туркманистон

            Душанбе. 4-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Шурӯъ аз 1-уми январи соли 2009 интиқоли нерӯи барқи Туркманистон ба ҷумҳурии мо тавассути шабакаҳои барқии Ӯзбекистон қатъ гардид.             Тавре сармуҳандиси ШСХК «Барқи тоҷик» Рашид Гулов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, сабаби аслии қатъи интиқоли барқ дар он аст, ки Тоҷикистон то ҳанӯз бо Ӯзбекистон ҷиҳати интиқоли […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 4-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Шурӯъ аз 1-уми январи соли 2009 интиқоли нерӯи барқи Туркманистон ба ҷумҳурии мо тавассути шабакаҳои барқии Ӯзбекистон қатъ гардид.





           

Тавре сармуҳандиси ШСХК «Барқи тоҷик» Рашид Гулов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, сабаби аслии қатъи интиқоли барқ дар он аст, ки Тоҷикистон то ҳанӯз бо Ӯзбекистон ҷиҳати интиқоли барқи Туркманистон тавассути қаламраваш барои соли 2009 шартнома ба имзо нарасонидааст. «Рӯзҳои наздик мақомоти раҳбарии ширкат ҷиҳати тасвиби қарордоди убури нерӯи барқ тавассути шабакаи барқи кишвари ҳамсоя озими Ӯзбекистон хоҳад гашт», – гуфт ӯ.




           

Мавсуф таъкид сохт, ки то ахири соли гузашта ҷумҳурӣ аз Туркманистон нерӯи барқи пешбинишуда дар ҳаҷми 400 млн. кВт/соатро гирифтааст. «Соли ҷорӣ тибқи қарордод, мо бояд аз Туркманистон боз 800 млн. кВт/соат нерӯи барқ ворид созем», – изҳор дошт Р.Гулов ва афзуд, ки қатъи интиқоли нерӯи барқи Туркманистон ба реҷаи таъмини аҳолии шаҳри Душанбе бо барқ ҳеҷ таъсире нахоҳад расонд.




           

Ёдрас мекунем, ки интиқоли нерӯи барқи Туркманистон тавассути шабакаҳои барқии Ӯзбекистон ба кишвари мо аз 1-уми ноябр шурӯъ гардид. Тибқи созишномаи соли 2007 миёни Туркманистону Тоҷикистон,

 

кишвари ҳамсоя бояд то соли 2012 ба Тоҷикистон ҳамасола дар давраи тирамоҳу зимистон дар ҳаҷми 1,2 млрд. кВт/соат нерӯи барқ интиқол диҳад. Дар нишастҳои ИДМ ва ЕврАзЭС дар Бишкек сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷиҳати интиқоли нерӯи барқи Туркманистон ба кишвари мо тариқи шабакаҳои барқи Ӯзбекистон мувофиқа ҳосил карданд. 18-уми октяр дар Алмаато дар ин хусус тавофуқи ниҳоӣ ҳосил гардид. Тоҷикистон барои 1 кВт/соат нерӯи барқ ба Туркманистон 3 сент ва барои убури (транзити) он ба Ӯзбекистон 0,3 сент маблағ пардохт мекунад.






 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.