Дар 78 ҳодисаи офтаи табиии соли равон 8 нафар ба ҳалокат расиданд

Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар зарфи 6 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 78 ҳодисаи офати табиӣ (ҳамин давраи соли гузашта – 195 ҳодиса) рух дод, ки бар асари он 8 нафар (соли 2010 – 49 нафар) ба ҳалокат расиданд. Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳайбулло Латифов дар робита […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар зарфи 6 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 78 ҳодисаи офати табиӣ (ҳамин давраи соли гузашта – 195 ҳодиса) рух дод, ки бар асари он 8 нафар (соли 2010 – 49 нафар) ба ҳалокат расиданд.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳайбулло Латифов дар робита ба ин масъала мегӯяд,  хушбахтона, соли равон нисбат ба соли гузашта ҳодисаҳои офатҳои табиӣ ва ҳаҷми зарари расида аз онҳо ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.

«Дар ин давраи ҳисоботӣ аз офатҳои табиии гуногун 662 (соли 2010 – 3 ҳазору 844) манзили зист осеб дид, ки ҳаҷми умумии зарари расидаи он ба 1 млн. 702 ҳазору 300 сомонӣ (соли 2010 – 21 млн. 131 ҳазору 800 сомонӣ) баробар аст», – изҳор кард вай.

Ба қавли Ҳ. Латифов, ҳаҷми умумии зарари расида аз офтаи табиӣ дар соли равон 38 млн. 622 ҳазору 200 сомониро ташкил додааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки ин нишондиҳанда соли гузашта 231 млн. сомониро ташкил медод.

Дар ҳамн ҳол, номбурда изҳор кард, ки дар муқоиса бо соли гузашта шумори фавтидагон дар иншооти обӣ қариб ду маротиба афзудааст, зеро дар гармии тоқатфарсо сафи хоҳишмандони оббозӣ кардан дар кӯлу обанборҳо хеле зиёд аст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.