Сатҳи оби кӯли Сарез ду метр поин рафт

Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли гузашта дар зарфи шаш моҳи соли равон сатҳи оби кӯли Сарез 2 метр поин рафт, – изҳор кард зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳайбулло Латифов. Ба гуфтаи Ҳ. Латифов, сабаби асоси поинравии сатҳи оби кӯли […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли гузашта дар зарфи шаш моҳи соли равон сатҳи оби кӯли Сарез 2 метр поин рафт, – изҳор кард зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳайбулло Латифов.

Ба гуфтаи Ҳ. Латифов, сабаби асоси поинравии сатҳи оби кӯли Сарез дар он аст, ки зимистону баҳори соли равон обуҳаво хеле камборишу тобистонаш хушк омад.

«Айни замон кӯли Сарез бо низоми беҳтарини муосири огоҳкунӣ муҷаҳҳаз аст, ки бо низоми алоқаи кайҳонӣ пайваст аст ва он ҳангоми рахна шудани сарбанд дарҳол ба кор хоҳад омад», – гуфт ӯ.

Дар посух ба суоли рӯзноманигорон перомуни ҳамкории мутақобилаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон оид ба табодули итттилоот дар бораи кӯли Сарез бо мақомоти дахлдори Ӯзбекистон Ҳ. Латифов изҳор кард, ки дар ин масъала ҳеҷ мушкилоте ҷой надорад.

Сарез кӯлест дар Помир, дар кӯҳсори Рӯшон, ки дар баландии 3250 метр аз сатҳи дарё воқеъ аст. Дарозои кӯли Сарез 62 км, паҳнояш 3,3 км, жарфояш то 500 метр аст. Ҳаҷми оби он 17 миллиард метри мукаъаб буда, вазнаш ба ҳисоби миёна ба 19 милён тонна баробар аст. Ба ғайр аз рӯди Мурғоб, ки аз дарёи Оқсӯи Афғонистон сарчашма мегирад, дар ин кӯл 17 рӯди хурд ва 16 рӯди кӯчаки мавсимӣ мерезанд. Оби изофӣ асосан аз рӯи садд ба поён ҷорӣ мешавад.

Ин кӯл соати 11-у 15 дақиқаи шаби 18 феврали соли 1911 бар асари як зилзилаи сахт ва афтодани кӯҳпора бар сари роҳи рӯди Мурғоб падид омада аст. Дар паи ин зилзила деҳаи Усой дар Бадахшони Тоҷикистон зери хоку санг монда, аз тамоми сокинонаш танҳо як пирмард ва ду писарбача зинда монданд ва 57 нафар дар зери кӯҳпора ҷони худро аз даст доданд. Тамоми ҳайвоноти хонагии онҳо низ талаф шуд. Ҷамъулҷамъ бар асари ин зилзила 105 тан ҷони хешро аз даст дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.