Изҳори қаноатмандии сафорати ИМА аз озодии рӯзноманигори Би-Би-Сӣ

Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Сафорати Иёлоти Муттахидаи Амрико оиди озод кардани рӯзноманигори БиБиСи Ӯрунбой Усмонов ва қарори Прокуратураи генералӣ оид ба бардоштани айбдоркунӣ оиди алокамандии ӯ бо Ҳизб-ут-Таҳрир изҳори қаноатмандӣ мекунад. «Мисли ҳамаи рӯзноманигорон, ҷаноби Усмонов барои иҷроиши хуби вазифаи қонунии худ ҳамчун рӯзноманигор бояд бо доираи васеи шахсон мулоқот намояд. Мо аз […]

Asia-Plus

Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Сафорати Иёлоти Муттахидаи Амрико оиди озод кардани рӯзноманигори БиБиСи Ӯрунбой Усмонов ва қарори Прокуратураи генералӣ оид ба бардоштани айбдоркунӣ оиди алокамандии ӯ бо Ҳизб-ут-Таҳрир изҳори қаноатмандӣ мекунад.

«Мисли ҳамаи рӯзноманигорон, ҷаноби Усмонов барои иҷроиши хуби вазифаи қонунии худ ҳамчун рӯзноманигор бояд бо доираи васеи шахсон мулоқот намояд. Мо аз мақомот даъват менамоем, то ки айби боқимондаро оиди хабардор накардани ҳукумат аз корҳои ғайриқонунӣ бекор кунанд», – гуфта мешавад дар иттилоияи интишорнамудаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки Ӯрунбой Усмонов санаи 13-уми июни соли ҷорӣ ба иттиҳоми узвият дар созмони фаъолияташ мамнӯъи «Ҳизб-ут-таҳрир» дар шаҳри Хуҷанд боздошт гардида, сипас ин айбдорӣ бекор ва айни замон ӯ барои ба мақомоти ҳукуматӣ хабар надодан дар бораи фаъолияти созмони мамнӯъ айбдор карда мешавад.

Рӯзи 14-уми июли соли равон нисбат ба рӯзноманигор чораи ҷазо тағйир дода шуда, ӯ бо шарти тарк накардани қаламрави кишвар озод карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасониро ба мусофирон ва афзоши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.