Шартномаҳои ширкатҳои Қазоқистону Тоҷикистон ба маблағи беш аз 13 млн. $

Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ширкатҳои қазоқӣ пас аз ширкат дар ҳамоиши тиҷоратӣ дар Душанбе моҳи июни соли ҷорӣ ният доранд, ки ба маблағи беш аз 13 млн. $ шартномаҳои содиротӣ ба имзо расонанд, – хабар медиҳад хадамоти матбуоти Агентии миллӣ оид ба содирот ва сармоягузории «KAZNEX INVEST». «Ин ҷо сухан сари ба Тоҷикистон […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ширкатҳои қазоқӣ пас аз ширкат дар ҳамоиши тиҷоратӣ дар Душанбе моҳи июни соли ҷорӣ ният доранд, ки ба маблағи беш аз 13 млн. $ шартномаҳои содиротӣ ба имзо расонанд, – хабар медиҳад хадамоти матбуоти Агентии миллӣ оид ба содирот ва сармоягузории «KAZNEX INVEST».

«Ин ҷо сухан сари ба Тоҷикистон ворид сохтани трансформаторҳо, аккумулятор, омехтаҳои хушки сохтмонӣ, маснӯъоти лаку ранг, доруворӣ, маҳсулоти коғазӣ, майонез, равған, гӯшти мурғ ва маҳсулоти қаннодии истеҳсоли Қазоқистон меравад», – зикр мегардад дар хабари «KAZNEX INVEST».

Бино ба иттилои агентӣ, қисмате аз шартномаҳо зимни ҳамоиши тиҷоратӣ ба имзо расида буданд. ҶС «Рза» (вилояти Қилилорда) бобати ба Тоҷикистон ворид сохтани биринҷ, ҶШММ «Барис 2007» дар хусуси таъмин бо маснӯъоти макаронӣ ва ҶШММ «ZHERSU POWER»  (вилояти Алмаато) дар бораи таъминоти ҷониби Тоҷикистон бо аккумуляторҳо ба мувовиқа расиданд. Ҳаҷми умумии ин шартномаҳо 5,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.