Ба истифода додани 15 мактаби нав ба ифтихори ҷашни истиқлол

Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ба ифтихори таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар доираи барномаи «Хазинаи ҷамоатхо барои мусоидат ба рушди таълимоти заминавӣ ва барқарорсозии зербинои коммуналӣ» 15 мактаби таҳсилоти умумӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Бино ба иттилои мудири иҷрокунандаи Хазинаи миллии иҷтимоии сармоягузории Тоҷикистон Саидаҳмад Мирзоев, ҳадаф аз татбиқи барнома беҳбуди […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ба ифтихори таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар доираи барномаи «Хазинаи ҷамоатхо барои мусоидат ба рушди таълимоти заминавӣ ва барқарорсозии зербинои коммуналӣ» 15 мактаби таҳсилоти умумӣ мавриди истифода қарор мегиранд.

Бино ба иттилои мудири иҷрокунандаи Хазинаи миллии иҷтимоии сармоягузории Тоҷикистон Саидаҳмад Мирзоев, ҳадаф аз татбиқи барнома беҳбуди шароити таълим дар мактабҳои ибтидоӣ ва таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ буда, айни замон марҳилаи дуюми барнома мавриди амал қарор дорад, ки фарогири 20 ноҳияи вилояти Хатлон аст.

«Ҳаҷми бюҷети марҳилаи дуюми барнома 15,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 15,4 млн. $ сармоягузории ҳукумати Олмон буда, 0,32 млн. саҳми ҳукумати ҶТ ва 0,19 млн. $ саҳми ҷамоат аст. Маблағҳои мазкур пурра ба рушди соҳаи маориф равона гардида, ба беҳбуди вазъи се навъи мактабҳо – мактабҳои воқеъ дар вагонҳо, мактабҳои воқеъ дар хонаҳои шахсӣ ва мактабҳои дар ҳолати садамавӣ қарордошта маблағгузорӣ хоҳад шуд.

С. Мирзоев мегӯяд, дар марҳилаи дуюми барнома амалисозии 38 лоиҳа дар се давра то соли 2013 пешбинӣ мегардад.

Хазинаи тоҷикии иҷтимоии сармоягузорӣ соли 1997 барои амалисозии лоиҳаи санҷишӣ оид ба сабуксозии мушкилоти камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ таъсис дода шуда буд. Соли 2002 он ба Хазинаи миллии иҷтимоии сармоягузории Тоҷикистон табдили ном кард ва феълан лоиҳаи дуюм оид ба сабуксозии мушкилоти камбизоатӣ дар ҷумҳуриро амалӣ месозад.   

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.