Боздошти фаъолияти казинои «Шангри Ла» дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Хуҷанд. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ҳукуматдорони Қирғизистон фаъолияти казинои «Шангри Ла» дар марзи Қирғизистону Тоҷикистонро, ки миёни аҳолии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ низ писандида буд, мутаваққиф сохтанд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сарчашмаҳои огаҳ хабар доданд. Дар хусуси сабабҳои боздошти фаъолияти казинои мазкур ҳанӯз чизи мушаххасе маълум нест, вале тибқи баъзе маълумот, ин амал […]

Бахтиёр Валиев

Хуҷанд. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ҳукуматдорони Қирғизистон фаъолияти казинои «Шангри Ла» дар марзи Қирғизистону Тоҷикистонро, ки миёни аҳолии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ низ писандида буд, мутаваққиф сохтанд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сарчашмаҳои огаҳ хабар доданд.

Дар хусуси сабабҳои боздошти фаъолияти казинои мазкур ҳанӯз чизи мушаххасе маълум нест, вале тибқи баъзе маълумот, ин амал бо нишондоди додситони вилояти Ботканди Қирғизистон сурат гирифтааст.

Казинои «Шангри Ла» моҳи январи соли 2010 ба фаъолият пардохта, дар марзи се кишвар – Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон воқеъ аст. Казино дар масофаи 22 километр аз шаҳри Хуҷанд, 170 километр аз шаҳри Тошканд (Ӯзбекистон) ва 120 километр аз шаҳри Ботканд (Қирғизистон) ҷойгир шудааст. Дар толори казино 40 автоматҳои бозӣ, 15 мизи бозӣ барои рулетка, покер, блек-ҷет гузошта шуда, ҳамчунин VIP-толорҳо барои бозӣ бо маблағҳои ҳадди ниҳоӣ мавҷуданд.

Казино ба холдинги Storm International (Шторм Интернэшнл) мутааллиқ буда, он соли 1992 аз ҷониби шаҳрванди Британияи Кабир Майкл Боттчер ба сифати оператори байнулмилалии индустрияи фароғат таъсис дода шудааст. То наздикиҳо ҳиссаи тиҷорати холдинг дар Русия – маҷмааҳои маскавии «Шангри Ла» ва «Х.О.», «Ҷаз Таун», «Ню-Йорк», «Карнавал», «Ударник» ва шабакаи «Супер Слотс» мутамарказ гардонида шуда буд. Соли 2007 мақомоти раҳбарии шркат оид ба рушди холдинг дар бозори байнулмилалӣ қарор қабул кард. Пас аз як сол Storm International дар Арманистон як ва Қирғизистон ду казино боз намуд.

Қоили зикр аст, ки чанде қабл фаъолияти казинои «Колизей», ки начандон дуртар аз казинои «Шангри Ла» воқеъ буд, низ қатъ карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.