Суғд: Марги қочоқбари нашъа дар истгоҳи автобус

Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — Кормандони милисаи шаҳри Хуҷанд рӯзи душанбе, 18-уми июли соли равон, дар наздикии истгоҳи автобуси «Гулистон»-и шаҳри Хуҷанд ҷасади сокини 56-солаи ноҳияи Ҳисор Х.К.-ро бидуни аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, зимни баргузории ташхис дар дохили меъдаи […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — Кормандони милисаи шаҳри Хуҷанд рӯзи душанбе, 18-уми июли соли равон, дар наздикии истгоҳи автобуси «Гулистон»-и шаҳри Хуҷанд ҷасади сокини 56-солаи ноҳияи Ҳисор Х.К.-ро бидуни аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, зимни баргузории ташхис дар дохили меъдаи марҳум 98 адад бастаҳои махсуси дорои 310 грамм маводи сахттаъсири героин ошкор гардидааст.

«Табибон муайян карданд, ки 20 адад аз ин бастаҳо сӯрох шуда, организми қочоқбар ба чунин меъёри маводи мухаддири сахттаъсир тоб наовардааст», – гуфт ӯ.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар ин назаранд, ки қочоқбар нияти интиқоли маводи мухаддир ба яке аз шаҳрҳои Русияро дошт. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.