Тайи соли ахир кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 47 мактаби динии ғайриқонунӣ амалкунанда дар вилояти Хатлонро ошкор сохтанд, ки дар онҳо 400 нафар писарону духтарон таълими динӣ мегирифтанд. Дар ин бора зимни ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон оид ба баррасии масъалаи иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» маълумот дода шуд.
Муовини сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон Нусратулло Мирзоев қайд кард, ки яке аз сабабҳои дар Тоҷикистон арзи ҳастӣ намудани ҳаракату равияҳое аз қабили «Салафия» ва «Ҷамоати Таблиғ» дониши начандон мукаммали имом-хатибон аст.
«Дониши номукаммали онҳо ба ин ҳаракатҳо имконият дод, ки фаъолияташонро дар қаламрави кишвари мо тақвият бахшанд ва ҳодисаҳои даст доштани имом-хатибон ба фиристодани ҷавонон ба макотиби динии хориҷи кишвар низ ошкор карда шуданд», – гуфт Н.Мирзоев.
Ба гуфтаи ӯ, имом-хатиби деҳаи Ҳосилоти ноҳияи Вахш Илҳом Норқулов дар манзили шахсии худ ғайриқонунӣ 50 нафар ҷавононро таълимоти динӣ медод ва беҳтаринҳоро интихоб намуда, ба назди шиноси худ – ба ноҳияи Рӯдакӣ мефиристод.
«Пас аз омӯзиш дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷавонон ба макотиби динии хориҷи кишвар фиристода мешуданд. Дар ҷараёни амалиёти фаврӣ ошкор карда шуд, ки дар деҳаи Корвони ноҳияи Рӯдакӣ дар таҳхонаи яке аз сокинони маҳаллӣ 80 нафар наврасон зиндагиву таълимоти динӣ мегирифтанд, ки 66 нафарашон сокинони вилояти Хатлон буданд», – гуфт вай.
Номбурда иброз дошт, ки ахиран агар 47 чунин мактабҳои динии ғайриқонунӣ бо 400 нафар толибилм ошкор карда намешуданд, шояд 300 нафари онҳо ба мактаби динии хориҷи кишвар равона мегардиданд.
Бино ба маълумоти расмӣ, аз соли 1992 то имрӯз 922 нафар сокинони вилояти Хатлон баҳри таҳсил ба мактабҳои динии хориҷи кишвар рафтаанд. Аз ин шумор 817 нафар ба ватан баргашта, 250 нафарашон муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия ва дигар кишварҳои узви ИДМ-ро ихтиёр намудаанд.
Н.Мирзоев мӯътақид аст, ки «агар Додгоҳи Олӣ фаъолияти созмонҳои «Салафия» ва «Ҷамоати Таблиғ»-ро манъ намекард, айни замон мо шоҳиди низоъҳои динӣ мегардидем». «Тамоми гурӯҳҳои ба ин монанд аз хориҷи кишвар таҳти назорат қарор дошта, дар ҳама гуна вақт метавонанд вазъи кишварро ноамн созанд», – афзуд номбурда.