Дар минтақаи шимоли кишвар пахта пеш аз мӯҳлат шукуфт

Хуҷанд. 8-уми август. «Азия-Плюс» — | Соли равон дар вилояти Суғд пахта пеш аз мӯҳлат ба ҳосил даромад, ки ба деҳқонон як ҳафта вақти захиравӣ пайдо мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд хабар доданд, пеш аз мӯҳлат шукуфтани пунбадонаро обуҳавои мусоид, чорабиниҳои агротехникии саривақт доиргардида ва бо нуриҳои минералӣ таъмин кардани […]

Бахтиёр Валиев

Хуҷанд. 8-уми август. «Азия-Плюс» — | Соли равон дар вилояти Суғд пахта пеш аз мӯҳлат ба ҳосил даромад, ки ба деҳқонон як ҳафта вақти захиравӣ пайдо мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд хабар доданд, пеш аз мӯҳлат шукуфтани пунбадонаро обуҳавои мусоид, чорабиниҳои агротехникии саривақт доиргардида ва бо нуриҳои минералӣ таъмин кардани он сабаб аст.

«Айни замон дар заминҳои кишти пунбадона чеканкаи ин зироат дар арафаи анҷомёбист ва рӯзҳои аз 16 то 21-уми август коршиносони соҳа ҷиҳати муайян кардани миқдори ҳосили пешбинишуда ба заминҳои кишт мераванд», – гуфтанд дар сарраёсати кишоварзии вилоят.

Соли равон дар вилояти Суғд пунбадона дар майдони 65 ҳазору 402 гектар кишт шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 11 ҳазору 400 гектар зиёдтар аст. Соли гузашта ҷамъоварии 92 ҳазор тонна ҳосили пахта ба нақша гирифта шуда буд, ки деҳқонони вилоят онро барзиёд ба иҷро расониданд.

Коршиносони вилоят бар ин назаранд, ки барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ аз 1 гектар замини кишти пунбадона, 4800 сомонӣ маблағгузорӣ зарур аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ 170 млн доллар кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.