Мусофирони хатсайри «Хуҷанд-Душанбе» пулҳояшонро бозпас мегиранд

Date:


Ба мусофирони хатсайри ҳавоии «Хуҷанд-Душанбе», ки рӯзи 23-юми август аз парвоз даст кашиданд, маблағи пурраи хариди билет бозпас баргардонида мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии ҶДММ «Чартер хабар доданд, ҳавопаймои Ан-24-и ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бо 33 нафар мусофирон бояд соати 8:00-и субҳ аз шаҳри Хуҷанд ба Душанбе раҳсипор мешуд, аммо бинобар сабабҳои техникӣ парвози ҳавопаймо ба муддати 2 соати 20 дақиқа мавқуф гузошта шуд.

«Ҳангоми ба кор даровардани муҳаррик (двигатель) мушкилот пеш омад. Ҳашт нафар мусофирон аз парвоз даст кашиданд. Бо талаби аввали мусофирони аз парвоз дасткашида маблағи пулии хариди билети онҳо дар кассаҳои билетро дастраснамуда бидуни боздошти ҷарима бозпас баргардонида мешавад», – гуфтанд дар намояндагӣ.

Яке аз мусофирони аз парвоз дасткашида дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки мушкилоти ҷойдоштаи ҳавопаймо пеш аз парвоз баръало аён буд, зеро муҳаррикро наметавонистанд ба ҳолати корӣ оранд. «Ба ман як корманди ҳайати ҳавопаймо маслиҳат дод, ки беҳтараш аз парвоз бо ин ҳавопаймо даст кашам. Шаш нафар мусофирон аз парвоз даст кашиданд ва мусофирони боқимонда чун илоҷи дигар надоштанд, ба парвоз розӣ шуданд», – гуфт зан.

Дар ҳамин ҳол, дар ширкати ҳавопайамоӣ мутаваққиф гузоштани парвози ҳавопайморо тасдиқ намуда, сабаби онро мушкилоти техникӣ унвон карданд. «Аммо муҳаррикҳои ҳавопаймо ҳатто ба кор дароварда шуда набуданд. Агар ҳатто заррае мушкилот бо муҳаррик мавҷуд мебуд, мо ҳавопайморо ҳеҷ ба парвоз иҷозат намедодем. Чун мушкилоти техникӣ бартараф шуд, ҳавопаймо ба Душанбе раҳсипор гардида, то нуқтаи таъин бидуни ҳеҷ мушкилоте фуруд омад», – гуфтанд дар ширкат.

Қобили зикр аст, ки ҶДММ «Чартер» дар фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд ба хизматгузории техникии ҳавопаймоҳои ширкати «Тоҷик Эйр» машғул аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...