Намояндагони Тоҷикистон дар сафи даҳгонаи аввали озмуни ҳофизони Қуръон

Рӯзҳои 21-26-уми августи соли 2011 дар Ҷумҳурии Мисри Араб таҳти сарпарастии Вазорати авқоф ва Азҳари шариф Озмуни 19-уми байналмилалии ҳофизони Қуръон баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 100 довталаб аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Афғонистон, Россия ва Қазоқистон иштирок карданд. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Ҷумҳурии Тоҷикистонро […]

Asia-Plus


Рӯзҳои 21-26-уми августи соли 2011 дар Ҷумҳурии Мисри Араб таҳти сарпарастии Вазорати авқоф ва Азҳари шариф Озмуни 19-уми байналмилалии ҳофизони Қуръон баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 100 довталаб аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Афғонистон, Россия ва Қазоқистон иштирок карданд.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Озмуни байналмилалӣ 2 нафар Абдуллои Маҳмадуллои 21-сола ва Абдуллоҳ Раҳматови 13-сола муаррифӣ намуданд. Номзадҳои мазкур бомуваффақият баромад карда, ба ишғоли ҷойҳои мукофотии даҳгонаи аввал ноил шуданд.

 Абдуллои Маҳмадулло дар бахши асосии Озмун “ҳифзи Қуръон комилан бо таҷвид, тартил ва тафсир” ҷойи панҷумро ишғол намуда, ба гирифтани шаҳодатнома ва ҷоиза ба маблағи 5000 долл. ИМА сазовор гардид. А.Раҳматов дар бахши дуюми Озмун “ҳифзи Қуръон комилан бо таҷвид ва тартил” ҷои ҳафтумро ишғол намуда, ба гирифтани шаҳодатнома ва ҷоиза ба маблағи 2200 долл. ИМА сазовор дониста шуд.

 Созмондиҳандагони Озмун ба иштироки намояндагони тоҷикистонӣ баҳои баланд дода, изҳори умед карданд, ки Тоҷикистон дар озмунҳои ояндаи ҳифзи Қуръон низ фаъолона иштирок хоҳад кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.