Вокуниши ВАО-и Тоҷикистон ба нотаи сафорати Русия

            Душанбе. 25-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар робита ба нотаи сафорати Русия ба Тоҷикистон, ки дар он барои чопи «иттилооти таҳрифомез ва суханони носазо дар бораи раҳбарияти Русия ва сиёсати пешгирифтаи он» аз як қатор нашрияҳои тоҷикзабон интиқод гирифта мешуд, имрӯз дар нишасти матбуотӣ мақомоти раҳбарии рӯзномаҳои «СССР», «Нигоҳ», «Миллат» ва «Фараж» хабар доданд, […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 25-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар робита ба нотаи сафорати Русия ба Тоҷикистон, ки дар он барои чопи «иттилооти таҳрифомез ва суханони носазо дар бораи раҳбарияти Русия ва сиёсати пешгирифтаи он» аз як қатор нашрияҳои тоҷикзабон интиқод гирифта мешуд, имрӯз дар нишасти матбуотӣ мақомоти раҳбарии рӯзномаҳои «СССР», «Нигоҳ», «Миллат» ва «Фараж» хабар доданд, ки изҳороти муштараке қабул карданд ва ба назари онҳо, дар нота ягон мисол ва истиноди мушаххас ҷой надорад, ки ба он такя шуда бошад





           

Нашрияҳои тоҷикӣ санадро «носанҷидаву ғайридипломатӣ ва каммаҳсул» арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки он «намунаи гӯшношуниди рафтори ғайридипломатии» сафорати Русия дар тамоми муддати фаъолияташ дар Тоҷикистон мебошад.




           

Дар изҳорот махсусан таъкид мешавад, ки матни нота ба ҷуз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ба ҳамаи васоити ахбори умуми ҷумҳурӣ ва хориҷии муқими кишвар низ фиристода шудааст. «Соли равон вобаста ба чопи матолиб дар ВАО-и Тоҷикистон ба Вазорати умури хориҷӣ беш аз 10 нота ворид гардид, вале ҳеҷ кадоме аз онҳо дар васоити ахбори умум паҳн нагардидаааст», – гуфта мешавад дар изҳорот. Муҳаррирони ҳафтаномаҳо мегӯянд, гузашта аз ин, дар ягон нота дипломатҳо ба изҳороте чун «фиреби ҳадафмандонаи ҷомеаи тоҷик» роҳ надода буданд. Дар изҳорот ҳамчунин омадааст, ки омилҳои зикргардида гувоҳи онанд, ки нотаи сафорати Русия ба ҷуз «чорабинии намоишӣ» дар вазъи то ҳанӯз таъин нагаштани сафир чизи дигаре беш нест.




           

Дар идомаи изҳорот баён мегардад: «Мо муносиботи Тоҷикистону Русияро бидуни назардошти ақидаҳои сиёсӣ ва ҳадафи ҳукуматҳо дӯстонаву стратегӣ арзёбӣ менамоему хоҳем кард ва чунин дарки он дар муносибатҳои байнидавлатӣ омили афзалиятнок аст. Аммо дар ҳамин ҳол, мо ба унсурҳои таҳриккунанда ва адоватангези иттилооти ҷойдошта дар муносиботи кишварҳо таваҷҷӯҳ зоҳир месозем ва бечуну чаро дар ин самт Русия ва ВАО-и он афзалият доранд. Дар кадом сатҳ ҷой доштани назорати ВАО-и электронӣ аз ҷониби Русия ба ҳеҷ кас пӯшида нест. Мо умедворем, ки сафорати Русия ба масъалаи мазкур тавааҷҷӯҳ зоҳир намуда, хулосаҳои зарурӣ хоҳад баровард».




           

Ёдрас мекунем, ки дирӯз сафорати Русия дар Тоҷикистон унвонии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон номаи эътирозӣ ирсол намуд.



Дар нота, аз ҷумла гуфта шуда буд: «Ахиран дар васоити ахбори умуми Тоҷикистон ба масъалаи вазъи муҳоҷирини меҳнатии тоҷик дар қаламрави Русия таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мегардад. Чун он бевосита ба манфиатҳои Русия дахл дорад, сафорат дар матбуот назари хешро оид ба ин масъала изҳор намуда, ба суолҳои рӯзноманигорон посух гуфта буд, вале чанде аз ВАО шарҳи моро таҳриф сохта, онро мувофиқи табъи худ тағйир додаанд. Бахусус, маводи чопшуда дар рӯзномаи «ФК-capital» бо шарҳи иғвоангез ва таҳқири раҳбарияти сафорат боиси нофаҳмии мо гардид».


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.