Ҳалокати як тан аз роҳбарони бахши минтақавии ҲНИТ

Сайид Умар Ҳусайнӣ вакили МН МО ва Сабзалӣ Шарифов, Раиси шӯъбаи навоҳии тобеи маркази ҲНИТ ҳангоми сафарашон дар роҳ ба ноҳияи Файзобод ба садама дучор шудаанд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҳизб, дар натиҷаи садама Сабзалӣ Шарифов ҷони худро аз даст додааст. Сайид Умар Ҳусайнӣ бошад, ба беморхонаи мунтақил шудааст. Вале дар сӯҳбат бо хабарнигори […]

Asia-Plus

Сайид Умар Ҳусайнӣ вакили МН МО ва Сабзалӣ Шарифов, Раиси шӯъбаи навоҳии тобеи маркази ҲНИТ ҳангоми сафарашон дар роҳ ба ноҳияи Файзобод ба садама дучор шудаанд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҳизб, дар натиҷаи садама Сабзалӣ Шарифов ҷони худро аз даст додааст. Сайид Умар Ҳусайнӣ бошад, ба беморхонаи мунтақил шудааст.

Вале дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Сайид Умар Ҳусайнӣ иброз кард, ки бистарӣ гардидан дар беморхонаро рад сохта, дар хона муолиҷа мегирад.

Ба гуфтаи ӯ, ин садама як ҳодисаи нохуш буда, бар асари сабабҳои техникии нақлиёт рух додааст. «Мо бо автомашинаи ман баҳри вохӯриву мулоқот бо аъзои ҳизб ва аҳли ҷомеаи минтақа ба Файзобод сафар доштем», – афзуд ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.