Ба иттиҳоми порадиҳӣ нисбат ба як зан, сокини ҷамоати Ёрии ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Ӯ ба пешниҳоди пора дар ҳаҷми 2000 сомонӣ ба муовини декани яке аз факултаҳои Донишкадаи кӯҳкорӣ-металлургии шаҳри Чкаловск гумонбар дониста мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои доихилии вилояти Суғд хабар доданд, рӯзи 18-уми августи соли равон зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ муайян карда шуд, ки сокин 53-солаи ҷамоати Ёрии ноҳияи Панҷакент К.Р. дар таърихи 20-уми июл барои дохил шудани яке аз хешовандонаш ба донишкадаи мазкур ба муовини декани яке аз факултетҳо дар ҳаҷми 2000 сомонӣ пора додааст.