Ба зойирини тоҷик зимни аз қайд гузаштан шиноснома медиҳанд

Пагоҳ соати 9:40 дақиқа бо вақти маҳаллӣ 185 нафар нахустин зойирини тоҷик тариқи ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» озими Ҷидда мешаванд. Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи ҳаҷҷи Кумитаи корҳои дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ Абдуғаффор Юсуфов хабар дод, ба зойирин шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳояшон ҳангоми маросими аз қайд гузаштан ва назорати гумрукӣ дар Маркази исломии […]

Меҳрангез Турсунзода


Пагоҳ соати 9:40 дақиқа бо вақти маҳаллӣ 185 нафар нахустин зойирини тоҷик тариқи ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» озими Ҷидда мешаванд.

Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи ҳаҷҷи Кумитаи корҳои дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ Абдуғаффор Юсуфов хабар дод, ба зойирин шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳояшон ҳангоми маросими аз қайд гузаштан ва назорати гумрукӣ дар Маркази исломии Тоҷикистон супурда мешаванд. Онҳо бояд шаш соат қабл ба Маркази исломии Тоҷикистон ҳозир шаванд.

Ба қавли ӯ, ин ба он марбут аст, ки зойирин пеш аз сафар ҳуҷҷатҳояшонро гумм накунанд, зеро чунин ҳолатҳо хеле бисёр рух додаанд.

Ҳавопаймои охирин бо зойирин аз Тоҷикистон рӯзи 29-уми октябр раҳсипор мегардад.

Соли равон Вазорати корҳо оид ба ҳаҷҷи Арабистони Саъудӣ чун соли гузашта 5,5 ҳазор нафар зоирин аз Тоҷикистонро қабул мекунад, ки ба ин шумор шахсони ҳамроҳикунандаи зоирин ба миқдори якчанд сад нафар низ шомил мебошанд.

Маблағи адои маросими ҳаҷҷи имсола нисбат ба соли гузашта 257 доллари ИМА бештар буда, дар маҷмӯъ 3 ҳазору 448 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Бо ин маблағ зоирини Хонаи Худо тавассути ҳавопаймо ба макони муқаддаси мусалмонон расонида шуда, бо меҳмонхона дар Маккаву Мадина, хӯроки севақта, кӯмаки тиббӣ, сарулибоси маъмулӣ, чорво барои қурбонӣ кардан, ҷомадон ва дигар хизматгузориҳои зарурӣ таъмин карда мешаванд.

Зоирини тоҷик тавассути ҳавопаймоҳои ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» ба макони ҳаҷ расонида мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.