Мавриди истифода қарор гирифтани меҳмонхонаи «Серена» дар пойтахт

Имрўз бо иштироки Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон ва Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони 4 меҳмонхонаи панҷситорадори «Серена»-и Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин меҳмонхонаи 9 ошёнаи боҳашамат, ки дар хиёбони Рўдакӣ қомат афрохта, ба маркази шаҳри Душанбе ҳусни тоза зам намудааст, бо буридани лентаи рамзӣ аз ҷониби сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Карим Оғохони 4 […]

ASIA-Plus


Имрўз бо иштироки Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон ва Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони 4 меҳмонхонаи панҷситорадори «Серена»-и Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ин меҳмонхонаи 9 ошёнаи боҳашамат, ки дар хиёбони Рўдакӣ қомат афрохта, ба маркази шаҳри Душанбе ҳусни тоза зам намудааст, бо буридани лентаи рамзӣ аз ҷониби сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Карим Оғохони 4 ба истифода супурда шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, зимни шиносоӣ бо шароити меҳмонхонаи «Серена»-и Душанбе, ки бо харҷи беш аз 166 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст, аз ҷумла зикр гардид, ки он бо меъёрҳои навтарини ҷаҳонӣ дар масоҳати умумии қариб 12 ҳазор метри мураббаъ сохта шуда, дорои 85 утоқи истиқоматӣ, аз ҷумла утоқҳои бузурги барҳаво барои қабули роҳбарони давлатҳо ва меҳмонони дигари воломақом мебошад.

Ғайр аз ин меҳмонхона дорои толорҳои зиёд барои маҷлис, конфронсу семинар ва мулоқотҳои гуногун, маҷмааи варзишию солимгардонӣ, 2 тарабхона, қаҳвахона, чойхона ва дигар шароити истиқомат ва истироҳату фароғат мебошад. Тарабхонаи калон бо 200 ҷойи нишаст ва ҳаммому бисёр утоқҳои варзишию солимгардонӣ дар ошёнаҳои 8, 9 ва ҳавзи калони шиноварӣ дар боми бино ҷойгир шудааст.

Мавриди зикри хос аст, ки меҳмонхона аксаран бо масолеҳи сохтмонӣ ва маводи ороишии Тоҷикистон ва тарҳу зинати миллии тоҷикӣ бунёд ёфтааст. Унсурҳои меъморӣ ва ороишоти миллии тоҷикӣ сари ҳар қадам дар тамоми гўшаю канори меҳмонхона ба чашм мерасад.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки тамоми маводи ғизоӣ ҳам, ба ҷуз озуқавории баҳрӣ бояд аз Тоҷикистон бошад. Таклиф бо майли том пазируфта шуд.

Дар маросими ифтитоҳи ин меҳмонхонаи муосири сатҳи ҷаҳонӣ, ҳамчунин меҳмонони зиёди дохилию хориҷӣ, аз ҷумла корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ширкат доштанд.

Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар толори маҷлисии меҳмонхона, ки бо нақшу нигори зебои тоҷикӣ оро ёфтааст, ба Карим Оғохони 4 ва масъулони Созмони Оғохон оид ба рушд барои бунёди чунин меҳмонхонаи зебою муосир ва тадбирҳои зиёди дигар, аз ҷумла муҳайёсозии шароити хуб барои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон арзи сипос кард.

Бо зикри аҳамияти иҷтимоии ин меҳмонхона иттилоъ дода шуд, ки дар вақти сохтмони ин бино 300 нафар бинокорону ороишгарони ватанӣ машғули кор буданд. Баъди ба кор даромаданаш бошад 200 нафари дигар соҳиби кори доимӣ мешаванд, ки беш аз 90% – и онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Дар маросими ифтитоҳу муаррифии меҳмонхонаи «Серена»-и Душанбе, ҳамчунин Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони 4 ва роҳбари бахши рушди сайёҳии Созмони Оғохон оид ба рушд шоҳзода Амин Оғохон суханронӣ намуда, омодагӣ ва ҳавасмандии амиқи худро ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва мардуми соҳибфарҳангу хушсалиқаи он  таъкид доштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.